Ифтитоҳи хатти асъории СВОП миёни Тоҷикистону Чин

Дар шаҳриУрумчии Чин рӯзи 13 декабр маросими оғози амалиёти мубодилаи асъор миёни сомонии Тоҷикистон ва юани Чин ё СВОП баргузор шуд. Дар ин бора хабаргузории   ИА «Синьхуа»   иттилоъ медиҳад. Ба иттилои манбаъ, моҳи сентябр бонкҳои Марказии Тоҷикистону Чин дар бораи СВОП-и асъорӣ созишнома ба имзо расониданд, ки он ба анҷоми амалиёт миёни як […]

ASIA-Plus



Дар шаҳриУрумчии Чин рӯзи 13 декабр маросими оғози амалиёти мубодилаи асъор миёни сомонии Тоҷикистон ва юани Чин ё СВОП баргузор шуд. Дар ин бора хабаргузории  


ИА «Синьхуа»


  иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, моҳи сентябр бонкҳои Марказии Тоҷикистону Чин дар бораи СВОП-и асъорӣ созишнома ба имзо расониданд, ки он ба анҷоми амалиёт миёни як асъор бо асъори дигар имкон дода, ба беҳбуди амалисозии созишномаҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ ва дастгирии бозорҳои молиявӣ аз нигоҳи камбуди асъор мусоидат мекунад.

Гуфта мешавад, созишнома ба маблағи 3 млрд. юан – 3 млрд. сомонӣ (ҳудуди 470 млн. доллари ИМА) муддати се сол бо имкони тамдид бо розигии тарафайн амал мекунад. «Он минбаъд бояд савдо ва сармоягузориро ривоҷ дода, ҳамчунинмини устувории молӣ дар минтақаро таъмин созад», – гуфтааст раиси ҳукумати Ноҳияи Мухтор Синтзян-Уйғур Шуҳрат Зокир.

Бино ба маълумоти оморӣ, соли 2014 Чин ба сармоягузори дуюми бузургтарин ва шарики сеюми тиҷоратии бузургтарини Тоҷикистон табдил ёфт.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 3 сентябр Миёни Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва Бонки мардумии Чин

созишнома дар бораи мубодилаи мутақобилаи асъор

аз рӯи қурбҳои сабтшуда (СВОП) созишнома ба имзо расид.

Тибқи маълуомти БМТ, дар ин санад марҳила ба марҳила (муддати се сол) аз ҷониби Бонки мардумии Чин ба Бонки миллии Тоҷикистон ҷудо шудани беш аз 3,1 млрд. юан (ҳудуди 500 млн. $) пешбинӣ шудааст.

Ҷалби воситаҳои Бонки мардумии Чин бо усули «своп» сурат мегирад, ки табодули бисёрмӯҳлати пардохтҳо бо асъори миллии ҳарду кишварро дар назар дорад. Воситаҳо аз рӯи зарурат қисм-қисм дастрас карда мешаванд.

Дар Бонки миллӣ ҳамчунин илова намуда буданд, ки воситаҳои ҷалбмешудаи ташкилотҳои қарзии Чин ба дастгирии қурби сомонӣ, тавозуни пардохтпазирии Бонки миллӣ ва ҳамчунин ҷудо кардани қарз ба тиҷорати хурду миёна тариқи бонкҳои сатҳи дуюми кишвар равона мегарданд.

Интизорӣ меравад, ки баъди дастрас шудани ин воситаҳо миёнаравии асъори сеюм зимни муомилоти мол миёни Тоҷикистону Чин хеле паст меравад, зеро воридкунандагони мол аз Чин ба Тоҷикистон метавонанд воситаҳои худ бо асъори миллиро бо асъори чинӣ иваз кунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.

Муовини сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи БОР дар Самарқанд чӣ гуфт?

Ҳоким Холиқзода гуфт, “Роғун” ба унсури калидии шарикии нави Тоҷикистон ва БОР табдил меёбад