Воридоти маҳсулоти нафтӣ каму гази моеъ меафзояд

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта тӯли 11 моҳи соли равон ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон 5% кам шуд. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 490,5 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла 200 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 199,6 ҳазор тонна бензин, 531 ҳазор тонна […]

ASIA-Plus



Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта тӯли 11 моҳи соли равон ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон 5% кам шуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 490,5 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла 200 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 199,6 ҳазор тонна бензин, 531 ҳазор тонна сӯзишвории авиатсионӣ ва 12,8 ҳазор тонна равған ворид карда шудааст.

Тоҷикистон маъмулан маҳсулоти нафтиро аз Русия ворид мекунад, ки 87,3% азҳаҷми умумӣ ба ин кишвар рост меояд. Ба миқдори начандон зиёд ба Тоҷикистон маҳсулоти нафтӣ ҳамчунин аз Туркманистон (5%), Қазоқистон (4,7%) ва дигаи кишварҳо низ ворид карда мешавад.

Ҳаҷми воридоти маводи сӯзишвориву молиданӣ ба Тоҷикистон дар давраи моҳҳои январ-ноябри соли 2014 ба 516,3 ҳазор тонна баробар шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон мақомоти дахлдори марбут ба бахши энергетикаи Тоҷикистону Русия оид ба 

тавозуни индикативии сӯзишворӣ дар соли 2015 

ба мувофиқа расиданд. Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда, соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон бояд 830 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ бидуни пардохти боҷи содиротӣ интиқол дода шавад.

Соли 2014 тавозуни индикативӣ барои Тоҷикистон 1 млн. тонна муқаррар шуда, аммо ба ҷумҳурӣ муяссар гардид, ки ҳамагӣ каме бештар аз нисфи ин миқдор маҳсулоти нафтиро аз Русия дастрас намояд.

Дар ҳамин ҳол, дар муқоиса бо 11 моҳи соли гузашта, давоми моҳҳои январ ноябри соли ҷорӣ ҳаҷми воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон 22,3% афзуд.

Давоми моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ 314 ҳазор тонна ин навъи сӯзишворӣ оварда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 58 ҳазор тонна бештар мебошад. Гази моеъ ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон ворид мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, айни замон беш аз 60%-и нақлиёти автомобилии кишвар (ахири соли гузашта – 40%) ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд.

Тайи се соли ахир ҳаҷми воридоти гази моеъ ба ҷумҳурӣ 2,6 маротиба – аз 82 ҳазор тонна дар соли 2012 то ба 295 ҳазор тонна дар соли 2014 афзуд.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани ҳунарманди Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.