Муҳлати қайди падари Умаралӣ Назаров дар Русия ба охир расид

Консулгарии Тоҷикистон ба Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар шаҳри Снкт-Петерург муроҷиат карда, дархост намудааст, ки бо тартиботи махсус муҳлати будубоши Рустам Назаров дар қаламрави Русия дароз карда шавад. – Муҳлати қайди Рустам Назаров дар Русия ба охир расидааст. Зимни ба ватан рафтан барои таҳияи ҳуҷҷатҳо ҷиҳати дароз кардани муҳлати будубош, барои нақзи қонуни муҳоҷират, […]

Lifenews



Консулгарии Тоҷикистон ба Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар шаҳри Снкт-Петерург муроҷиат карда, дархост намудааст, ки бо тартиботи махсус муҳлати будубоши Рустам Назаров дар қаламрави Русия дароз карда шавад.

– Муҳлати қайди Рустам Назаров дар Русия ба охир расидааст. Зимни ба ватан рафтан барои таҳияи ҳуҷҷатҳо ҷиҳати дароз кардани муҳлати будубош, барои нақзи қонуни муҳоҷират, ба таври автоматӣ имкони бозгашти ӯ ба Русия муддати 5 сол қатъ карда мешавад. Чун Рустам дар парванда аз рӯи далели марги писараш Умаралӣ Назаров дар маркази Симбалин ба сифати ҷабрдидаэътироф шудааст, усулан муҳим аст, ки ӯ бояд ба иштирок дар мурофиаи судӣ зимни баррасии парванда имкон доша бошад, – гуфтаст ба Life 78 як манбаъ аз консулгарии Тоҷикистон.

Ба гуфтаи адвокатҳои волидони Умаралӣ Назаров, муфаттишон то ҳанӯз ба онҳо барои шинос шудан маводи ташхисро надодаанд, рӯзи ҷумъаи наздик сабабҳои марги кӯдак расман пешниҳод карда мешаванд.

Умаралӣ Назарови 5-моҳа дар маркази Симбалини шаҳри Санкт-Петербург шаби 14 октябр фавтида, табибон сабаби марги ӯро ба бемории ситамегаловирус нисбат доданд.

Чанде пештар аз ин фоҷеа волидони Умаралиро барои нақзи қонунгузории муҳоҷират боздошт намуда, тифлро аз дасти онҳо гирифта буданд. Суд оид ба хориҷ шудани молдари кӯдак – Зарина Юнусова аз Русия қарор содир намуд. Ӯ рӯзи 16 ноябр ба Тоҷикистон арҳсипор гардида, ҳамон рӯз ҷасади Умаралии хурдсолро ба хок супурданд.

Мақомоти прокуратураи Санкт-Петербург аз рӯи далели марги кӯдак санҷиш гузаронида, муайян кардааст, ки волидони тифли фавтида дар бинои барои иқомат ғайриқобили қабул зиндагӣ карда, тифл пеш аз муҳлат ва бо бемориҳои зиёди кӯҳнашуда ба дунё омадааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.