Таъсиси орден ва ҷоизаи давлатии Пешвои миллат дар Тоҷикистон

Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон имрӯз қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»-ро якдилона дастгирӣ намуданд. Зимни суханронӣ оид ба ин масъала аъзои Маҷлиси миллӣ, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода қайд кард, ки «Пешвои миллат» эълон кардани президенти амалкунанда таҷассуми меҳру муҳаббати мардумӣ ба фарзанди пуршарафи худ аст. Ба андешаи […]

Аваз Юлдошев



Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон имрӯз қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»-ро якдилона дастгирӣ намуданд.

Зимни суханронӣ оид ба ин масъала аъзои Маҷлиси миллӣ, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода қайд кард, ки «Пешвои миллат» эълон кардани президенти амалкунанда таҷассуми меҳру муҳаббати мардумӣ ба фарзанди пуршарафи худ аст.

Ба андешаи М.Имомзода, «Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти худ бори дигар ҳақиқати офарандаи таърих будани шахсиятро собит сохт». «Хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми тоҷик на камтар аз хизматҳои Куруши Кабир ва Исмоили Сомонӣ дар замони худашон аст», – гуфт ӯ.

Номбурда муътақид аст, ки қонуни мазкур ба худкомагӣ (авторитаризм) ва шахспарастӣ ҳеҷ муносибате надорад.

Сенатор изҳор дошт, ки мутобиқи бандҳои қонун дар кишвар Орден ва Ҷоизаи давлатии Пешвои миллат таъсис дода мешаванд.

Ғайр аз ин дар қонун пешбинӣ шудааст, ки муроҷиат ва суханрониҳои Пешвои Миллат баъди анҷоми ваколатҳои президентии ӯ бояд ҳатман зимни қабули қарорҳо оид ба сиёсати дохиливу хориҷии кишвар ба инобат гирифта шаванд.

Раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни суханронӣ доир ба ин масъала зикр кард, ки «дар Тоҷикистон ҳеҷ касе чун Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ва мардуми онро зиёдтар дӯст намедорад».

Ёдрас мекунем ки палатаи поёнии парлумони кишвар санаи 9 декабр аз лоиҳаи қонуни аз ҷониби як гурӯҳи вакилон пешниҳодшуда «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ҷонибдорӣ намуд, ки ваколати Пешвои миллат, дахолатнопазирии ӯ баъди тарк кардани мансаби президенти Тоҷикистон, таъмини ӯ бо нақлиёт, манзили зист, имтиёзҳои иҷтимоӣ баъди анҷоми муҳлати президентиро муқаррар мекунад.

Мутобиқи меъёрҳои ин қонун, пас аз мансаби президентиро тарк гуфтан Пешвои миллат ҳамчунин барои муроҷиат ба мардуми ҷумҳурӣ, иштирок кардан дар кори чорабиниҳои муҳими давлатӣ ва суханронӣ дар онҳо ҳуқуқ дорад. Ғайр аз ин, дар қонун таъсиси бойгонӣ, китобхона ва осорхонаи Пешвои миллат низ пешбинӣ шудааст.

Барои ҳукми қонунӣ гирифтани қонун, онро бояд палатаи болоии парлумон тасдиқ ва аз ҷониби президент ба имзо расад. Пас аз нашри он дар матбуоти расмӣ қонун мавриди амал қароргирифта шуморида мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд 7,3% болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2026 пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани соҳибкори Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов