Гуфтушунидҳои вазири корҳои хориҷӣ дар Абӯ Забӣ

Дар доираи сафари расмӣ ба Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Муовини Сарвазир, Вазири умури президентии Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Мансур ибни Зойид Оли Наҳён мулоқот намуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили васеи ҳамкориҳо байни ду кишвар табодули назар карда, таъкид […]

ASIA-Plus



Дар доираи сафари расмӣ ба Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Муовини Сарвазир, Вазири умури президентии Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Мансур ибни Зойид Оли Наҳён мулоқот намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили васеи ҳамкориҳо байни ду кишвар табодули назар карда, таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба муносибатҳои дуҷониба бо Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб авлавият медиҳад ва ҳавасманди рушди ҳамкориҳои гуногунсоҳаи мутақобилан судманд бо ин кишвар мебошад.

Ҷонибҳо инчунин зарурати ба роҳ мондани тамосу мулоқотҳои мунтазами сатҳи олиро таъкид намуда, масъалаи сафарҳои мутақобилаи роҳбарони ду кишварро баррасӣ карданд.

Сироҷиддин Аслов бо директори генералии Фонди Абӯ Забӣ оид ба рушд Муҳаммад ас-Сувайдӣ мулоқот анҷом дода, зимни вохӯрӣт масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва муассисаҳои молиявии арабӣ, аз ҷумла Фонди Абӯ Забӣ оид ба рушд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бо изҳори қаноатмандӣ аз робитаҳои неки сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб ҷонибҳо таъкид намуданд, ки ҷиҳати роҳандозии ҳамкории муассир дар татбиқи лоиҳаҳои зербиноӣ дар бахшҳои энергетика, саноат ва кишоварзӣ иқдомоти лозима анҷом хоҳанд дод.

Ҷонибҳо инчунин масъалаҳо роҷеъ ба мусоидати Фонди Абӯ Забӣ оид ба рушд дар бартарафсозии паёмадҳои нохуши заминларзаи рӯзи 7 декабри соли ҷорӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин дар қароргоҳи худ дар шаҳри Абӯ Забӣ Директор генералии Агентии байналмилалии нерӯи таҷдидшаванда (IRENA) Аднон Аминро ба ҳузур пазируфта,зимни мулоқот дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин ташкилоти байналмилалӣ ба таври муфассал мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо бо дарназардошти захираҳои бузурги нерӯи тоза дар Тоҷикистон доир ба ҷалби имкониятҳои IRENA ба раванди татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии кишвар табодули назар намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.