Ифтитоҳи нуқтаҳои мубодилаи асъор дар бозору ҷойҳои серодам

Бо мақсади ба як низоми муайяни дар чорчӯбаи қонун амалкунанда даровардани фаъолияти бозори дохилии асъор, маҳдуд намудани гардиш ва хариду фурӯши ғайрирасмии асъори хориҷӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии бонкӣ ва таъмини муътадили рушди низоми бонкӣ имрӯз, 18 декабри соли ҷорӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо роҳбарони ташкилотҳои қарзии мамлакат мулоқот доир намуд. […]

ASIA-Plus



Бо мақсади ба як низоми муайяни дар чорчӯбаи қонун амалкунанда даровардани фаъолияти бозори дохилии асъор, маҳдуд намудани гардиш ва хариду фурӯши ғайрирасмии асъори хориҷӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии бонкӣ ва таъмини муътадили рушди низоми бонкӣ имрӯз, 18 декабри соли ҷорӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо роҳбарони ташкилотҳои қарзии мамлакат мулоқот доир намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар оғози ҷаласа Ҷ.Нурмаҳмазода изҳор дошт, ки таҳлилҳои рӯзҳои охири фаъолияти бозори дохилии асъор ва хизматрасонии амалиётҳои мубодилавӣ бо асъори нақди хориҷӣ, арзу шикоят ва муроҷиатҳои сершумори аҳолӣ нисбати кори ғайриқаноатбахши як қатор муассисаҳои ташкилотҳои қарзӣ дар робита ба мушкилот дар пешниҳоди қарз, фоизҳои баланд ва тамдиди муҳлати он, пардохти фоизи қарзҳои бо асъори хориҷӣ роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва мақомоти дигари давлатиро ба ташвиш овардааст.

Номбурда таъкид намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо ирсоли якчанд дастурҳои худ ташкилотҳои қарзиро огоҳ ва вазифадор карда буд, ки маҷмуи чорабиниҳои техникӣ ва меъёрии ҳуқуқиро дар давраи гузариш андешида, фаъолияти муназзами бозори асъори нақдӣ ва пешниҳоди хизматрасонии муносиби мубодилаи асъорро ба аҳолӣ таъмин намоянд. Мутаассифона, роҳбарони баъзе ташкилотҳои қарзӣ талаботҳои дастурҳои Бонки миллиро сарфи назар карда, бе риояи талаботи давраи гузариш фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори худро қатъ гардониданд. Тасмими қабл аз муҳлат ва саросемавор қабулшуда ба ҷоннок шудани фаъолияти ҳаннотон ва бозори ғайрирасмии мубодилаи асъор мусоидат намуд.

Ташвишовар он аст, гуфт дар идомаи вохӯрӣ Ҷ. Нурмаҳмадзода, баъди қатъ намудани фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор ташкилотҳои қарзӣ барои пешниҳоди хизматрасониҳои мубодилаи асъор тавассути хазинаҳои муассисаҳои худ ягон кори назаррасеро анҷом надодаанд. Чунин муносибати баъзе ташкилотҳои қарзӣ боиси ноором шудани бозори дохилии асъор ва норозигии шаҳрвандон гардид. Бинобар сабаби дар лаҳзаҳои зарурӣ дастрас карда натавонистани асъори хориҷӣ аз ташкилотҳои қарзӣ, муштариён маҷбур мешаванд, ки барои қонеъ кардани талаботи худ ба бозори ғайрирасмӣ муроҷиат намоянд.

Дар баробари ин, қайд гардид, ки дар ин рӯзҳо ташкилотҳои қарзӣ, аз қабили БДА “Амонатбонк”, ҶСК “Эсхата”, ҶСП “АксесБонк Тоҷикистон” ва ҶСП “Казкоммертсбонк” масъулият нишон дода, мувофиқи имкониятҳои дар ихтиёр доштаашон ба аҳолӣ асъори хориҷӣ фурӯхтанд ва ин амал бояд намунаи ибрати дигарон бошад.

Ҳамчунин ба ташкилотҳои қарзӣ тавсия дода шуд, ки бо соҳибкорони ватанӣ барои аз тарафи онҳо кушодани суратҳисобҳо, ворид намудани маблағҳояшон ва бо ин роҳ васила дар сурати зарурӣ табдил намудан ба асъори хориҷӣ ҳамкории зичро ба роҳ монанд.

Роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ зимни баррасии масъалаҳои боло иброз доштанд, ки ҳамарӯза дар ҳамкорӣ ва кӯмаки Бонки миллии Тоҷикистон кӯшиш доранд, ки вазъи бозори дохилии асъорро муътадил гардонанд. Дар айни замон раванди дар назди хазинаҳои бонкҳо, филиалҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва нуқтаҳои интиқоли маблағҳо ба роҳ мондани амалиётҳои мубодилавии асъор идома дошта, ҳамзамон дар марказҳои таълимӣ омӯзиши кормандони онҳо ба роҳ монда шудааст.

Дар рафти ҷаласа роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ вазифадор карда шуданд, ки дар бозорҳои қалон, фурӯшгоҳҳои бузург ва ҷойҳои серодами ҷумҳурӣ барои конеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба анҷом додани амалиётҳои мубодилавии асъор марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ ва нуқтаҳои интиқоли маблағҳои иловагӣ ифтитоҳ намуда, реҷаи кории онҳоро тағйир дода, фаъолияташонро дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе таъмин намоянд.

Илова бар ин, роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ ва масъулини соҳа огоҳ карда шуданд, ки аз беасос баланд бардоштани қурби хариди доллари нақди ИМА худдорӣ намоянд ва асъори аз мардум харидаашонро ба аҳолии ниёзманд фурӯшанд. Зеро дар ҳолати ошкор шудани ҳолатҳои ба таври сунъӣ баланд бардоштани қурби харид, ба аҳолӣ нафурӯхтани асъори нақди хориҷӣ ва пешниҳод накардани ин намуди хизматрасонӣ дар муассисаҳои бонкӣ, нисбати ташкилотҳои қарзии ба ин амал дастдошта чораҳои боздошти ҳуқуқи анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ андешида мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.