Кумаки ИМА ба осебдидагони заминларза дар ВМКБ

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамдардии самимии хешро ба мардуми Тоҷикистон, ки дар натиҷаи заминларза бо қувваи 7,2 балл дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ ҳафтуми декабри соли ҷорӣ осеб дидаанд, баён намуд. Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кӯмаки башардӯстонаро ба маблағи 100  ҳазор доллари амрикоӣ ҷиҳати расонидани кӯмак ба хонаводаҳои зарардидаи ноҳияҳои Дарвоз, Рӯшон, Шуғнон, Ванҷ ва шаҳри […]

Иттилоияи расмӣ



Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамдардии самимии хешро ба мардуми Тоҷикистон, ки дар натиҷаи заминларза бо қувваи 7,2 балл дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ ҳафтуми декабри соли ҷорӣ осеб дидаанд, баён намуд. Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кӯмаки башардӯстонаро ба маблағи 100  ҳазор доллари амрикоӣ ҷиҳати расонидани кӯмак ба хонаводаҳои зарардидаи ноҳияҳои Дарвоз, Рӯшон, Шуғнон, Ванҷ ва шаҳри Хоруғ расонид.

11-уми декабр, Кордори Сафорат Лесли Ҳейден  ба дархости Ҳукумати Тоҷикистон оид ба кӯмак ҷиҳати бартараф сохтани хисоротҳои зиёд дар ВМКБ вокуниш нишон дод. Хонум Лесли  аз Дафтар оид ба кӯмаки кишварҳои хориҷӣ ҳангоми офатҳои табиии (OFDA) Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ  (USAID) барои кӯмаки фаврӣ дархост намуд, ки дар натиҷа маблағи 100,000 доллари амрикоӣ ҷудо гардид. USAID масъалаи истифодаи маблағро бо Созмон оид ба кӯмаки башардӯстонаи FOCUS ҷиҳати харидорӣ намудани хаймаҳои гарм барои муваққатӣ ҷойгир намудани осебдидагон, кампал, сару либос ва таҷҳизоти сохтумон барои таъмири хонаҳои харобшуда, мувофиқа хоҳад кард. Кӯмаки мазкур барои қонеъ гардонидани талаботи авзалиятнок, ки аз ҷониби Ҳукумат Тоҷикистон дархост гардида буданд, равона шудааст. Он тавассути гурӯҳи муштарак оид ба баҳогузории таъҷилӣ ва ҳамоҳангсозӣ (REACT), ки аз намояндагони давлатӣ, ташкилотҳои донорӣ ва ғайридавлатӣ иборат аст, мувофиқа хоҳад шуд.

Мувофиқи маълумоти  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон аз 11-уми декабри соли ҷорӣ, 1327 хонаҳои истиқоматӣ осеб диданд ва ё хароб гаштанд ва 7962 нафар беманзил монданд. Нишондоди мазкур афзоиш ёфтаистодааст, чун муайянкунии ҳаҷми хисорот то ҳол давом дорад. Инфрасохтори калидӣ ба монанди роҳҳо, иншоотҳои табобатӣ, стансияҳои электрикӣ ва биноҳои таълимӣ низ хароб гаштанд.

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида вазъиятро бо таваҷҷӯҳи хос мушоҳида менамояд. Кӯмаки фаврии мазкур аз иродаи қавии Ҳукумати ИМА ҷиҳати дастгирӣ намудани мардуми Тоҷикистон дар ин лаҳзаҳои мушкил шаҳодат медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.