Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, ки бо сафари корӣ дар Давлати Кувайт қарор дорад, рӯзи 21 декабр
бо Валиаҳди Давлати Кувайт аълоҳазрат Шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ
мулоқот кард.
Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳо мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.
Шукурҷон Зуҳуров қайд кард, ки мардуми тоҷик сарфароз гардидани Амири Давлати Кувайт аълоҳазрат шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ бо ҷоизаи “Пешвои башардӯст” аз тарафаи Дабири кулли СММ Пан Ги Мун дар таърихи 9 сентябри соли 2014 ва номгузорӣ шудани Давлати Кувайт ҳамчун “Маркази ҷаҳонии амали башардӯстона”-ро бо самимияту ифтихор пазируфтанд.
Аълоҳазрат Шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ роҷеъ ба вазъи минтақа, аз ҷумла вазъияти Афғонистони ҳамсояи мо изҳори андеша намуда, нақши Тоҷикистонро дар таҳкими амнияту субот дар минтақа муҳим арзёбӣ кард.
Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин
бо Раиси Парлумони (Маҷлиси Умма)-и ин кишвар ҷаноби Марзуқ Алӣ ал-Ғоним
мулоқот ва масъалаи тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумониро мавриди баҳсу баррасӣ қарор дод.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Давлати Кувайт дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, сохтмонӣ, туризм, башардӯстона ва фарҳанг муҳокима шуданд.
Зимни мулоқоти Ш.Зуҳуров
бо нахуствазири Давлати Кувайт
Шайх Ҷобир Ал-Муборак Ал-Ҳамад Ас-Сабоҳ масоли густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши иқтисод мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Чонибҳо атрофи масоили ифтитоҳи хатсайри ҳавоии мустақим миёни Душанбе ва Кувайт, таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, таҳвили оби ошомиданӣ аз Тоҷикистон ба ин кишвар ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарайн табодули назар намуданд.



