Amnesty international Русияро ба «ҷиноёти ҳарбӣ» муттаҳам кард

Созмони ҳомии ҳуқуқи Amnesty international ё Афви Байналмилал гузориш додааст, ки ҳади ақал 200 ғайринизомӣ дар ҳамалоти ҳавоии Русия дар Сурия кушта шудаанд. Ҳамлаҳои ҳавоии Русия аз 30-юми сентябри соли ҷорӣ инҷониб бо ҳимоят аз режими Башор Асад, дар хоки Сурия шурӯъ шуд. Маскав эълон дошта буд, ки дар ин ҳамалот гуруҳи мавсум ба “Давлати […]

TojNews



Созмони ҳомии ҳуқуқи Amnesty international ё Афви Байналмилал гузориш додааст, ки ҳади ақал 200 ғайринизомӣ дар ҳамалоти ҳавоии Русия дар Сурия кушта шудаанд.

Ҳамлаҳои ҳавоии Русия аз 30-юми сентябри соли ҷорӣ инҷониб бо ҳимоят аз режими Башор Асад, дар хоки Сурия шурӯъ шуд. Маскав эълон дошта буд, ки дар ин ҳамалот гуруҳи мавсум ба “Давлати исломӣ” ва дигар гуруҳҳои террористиро мавриди ҳамла қарор медиҳад.

Бино ба иттилои хабаргузории

TojNews

, Созмони афви байналмилал гуфтааст, ки дар мавриди ҳамалоти Русия дар шаҳрҳои Ҳумс, Ҳама, Идлиб, Лозақия ва Ҳалаб таҳқиқ кардааст. Ба гузориши ин созмон, ки расонаҳои ғарбӣ хабар доданд, ки “телефонӣ бо 16 шоҳиди айнии ҳамлаҳо, аз ҷумла бо пизишкон ва фаъолони ҳуқуқи башар” суҳбат кардаанд. Инчунин, ин созмон мегӯяд, ки дар асноди савтӣ ва тасвирие дар ихтиёр доранд, ки марбут ба ҳамлаҳои ҳавоии Русия мебошад. Гузориши худро бо кумак ва мусоидати коршиносони ҳарбӣ таҳия кардаанд.

Дар гузориши мазкур аз ҳодисаҳои мушаххас низ ҳарф зада мешавад. Афви байналмилалт ба гунаи намуна аз ҳамлаи ҳавоии Русия дар 29-уми ноябр ҳарф задааст, ки бар асари бархурди се мушаки русӣ ба як бозор дар Ариҳо, устоне дар Идлиб 49 ғайринизомӣ кушта ва чанд тани дигар захм бардоштаанд. Шоҳидон гуфтаанд, ки ин дар ин минтақа ҳеч ҳадафи низомие вуҷуд надоштааст.

Дар гузориш Русия ба “ҷиноёти ҳарбӣ” муттаҳам мешавад, ки аз мушакҳои идоранашаванда дар макони серҷамъият истифода кардааст.

Русия то ҳол нисбат ба ин гузориш вокуниш нишон надодааст. Пештар аз ин, Маскав чунин гузоришҳоро таблиғоте алайҳи амалиёти Русия дар Сурия маънидод мекард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.