Прокуратураи генералӣ аз Tcell дастгоҳи назорати мухобиротӣ дархост кард

Прокуратураи генералии Тоҷикистон тирамоҳи соли ҷорӣ аз ширкати мобилии Tcell пешниҳоди дастгоҳи назорати мухобиротиро дархост намудааст. Дар ин бора дар хабари рӯзи сешанбе нашршуда дар сомонаи расмии ширкати TeliaSonera-и Шветсия ва Финландия маълумот дода мешавад. Дар хабар қайд мешавад, ки ин дархости худро мақомоти Тоҷикистон ба дастгирии техникии сохторҳои давлатии машғул ба тафтиши рӯйдодҳои ошӯби […]



Прокуратураи генералии Тоҷикистон тирамоҳи соли ҷорӣ аз ширкати мобилии Tcell пешниҳоди дастгоҳи назорати мухобиротиро дархост намудааст. Дар ин бора дар хабари рӯзи сешанбе нашршуда дар сомонаи расмии ширкати TeliaSonera-и Шветсия ва Финландия маълумот дода мешавад.

Дар

хабар

қайд мешавад, ки ин дархости худро мақомоти Тоҷикистон ба дастгирии техникии сохторҳои давлатии машғул ба тафтиши рӯйдодҳои ошӯби мусаллаҳона ва ҳамчунин таҳқиқи ҷиноятҳои махсусан вазнин, ки аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафҳои созмонҳои байнулмилалии террористӣ дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ содир шудаанд, нисбат додаанд.

Прокуратураи генералӣ дар навбати худ уҳдадор шудааст, ки ба фаъолияти тиҷоратӣ ва хоҷагидории ширкати Tcell монеъа эҷод намесозад.

Дар маълумот таъкид мешавад, ки Tcell чунин дархостҳоро танҳо дар ҳолате қонеъ менамояд, ки агар итминон ҳосил кунад, ки дастгоҳ фақат барои назорат аз болои фаъолияти ғайриқонунӣ мутобиқи қонунгузории маҳаллӣ истифода мешавад.

TeliaSonera ҳамчунин иттилоъ медиҳад, ки ба шаффофу ошкор хабар додан дар бораи ба ин монанд дархостҳои ғайримаъмулии мақомоти давлатӣ уҳдадор шудааст. «Мо ба сиёсат дахолат накарда, зимни муаррифии ширкат изҳороти сиёсӣ баён намекунем», – зикр мегардад дар маълумот.

Дар хотима гуфта мешавад, ба ҳар ҳол TeliaSonera бо ҳукуматдорон, ки ба тиҷорати ширкат дар кишварҳо таъсиргузоранду дар он ҷо манфиатҳои худро дорад, дар муколамаву гуфтушунид мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.