Тасдиқи 6 созишнома тибқи лоиҳаи CASA-1000 дар парлумон

Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ даъвати панҷум, ки  санаи 24 декабр доир мегардад, масъалаҳои марбут ба тасдиқи 6 созишнома аз рӯи Лоиҳаи минтақавии интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) баррасӣ мешаванд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ хабар дод, ин созишномаҳо […]



Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ даъвати панҷум, ки  санаи 24 декабр доир мегардад, масъалаҳои марбут ба тасдиқи 6 созишнома аз рӯи Лоиҳаи минтақавии интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) баррасӣ мешаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ хабар дод, ин созишномаҳо иборатанд аз: Созишномаи кафолат миёни Тоҷикистон ва Бонки аурвпоии таҷдиду рушд (БАТР) аз рӯи лоиҳаи «Савдои байниминтақавии нерӯи барқ (CASA-100); Созишномаи қарзӣ миёни ШСХК «Барқи тоҷик» ва БАТР аз рӯи лоиҳаи CASA-1000; Созишномаи маблағгузорӣ миёни ҶТ ва Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд аз рӯи лоиҳаи «Интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000); Созишнома миёни Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд ва ШСХК «Барқи тоҷик» аз рӯи лоиҳаи «Интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000); Созишномаи қарзӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд оид ба ҳиссаи Тоҷикистон дар лоиҳаи CASA-1000 ва ҳамчунин қарордоди молиявӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ аз рӯи лоиҳаи «Ҳамкории энергетикӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон (CASA-1000).

Лоиҳаи CASA-1000 (Central Asia – South Asia -1000) яке аз лоиҳаҳои бузургтарини бахши энергетика дар қораи Осиё мебошад.

Бино ба эътирофи коршиносон, ин марҳилаи аввали барномаи ташкили бозори умумии энергетикӣ миёни ду минтақа – Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ мебошад. Дар он транзити нерӯи барқ аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ шудааст.

Мутобиқи тарҳи фанниву иқтисодии лоиҳа, ки аз ҷониби як ширкати Канада таҳия шудааст, масофаи умумии хатти интиқоли барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ наздики 1770 километрро ташкил медиҳад.

Барои кашидани ин хат 970 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст. Як қисмате аз сармоягузорон аллакай маълуманд, ки Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, Бонки аврупоии таҷдиду рушд ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ мебошанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.