Толибилмони тоҷик як моҳи зимистон истироҳат мекунанд

Тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид аз 21 декабр, сарфи назар аз шакли моликият, тамоми толибилмони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ аз 1 то 31 январи соли 2016 ба таътили зимистона мебароянд. Тавре аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ доданд, дар ин фармоиш вазир ба ҳамаи роҳбарони раёсат ва […]

ASIA-Plus



Тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид аз 21 декабр, сарфи назар аз шакли моликият, тамоми толибилмони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ аз 1 то 31 январи соли 2016 ба таътили зимистона мебароянд.

Тавре аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ доданд, дар ин фармоиш вазир ба ҳамаи роҳбарони раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилояту шаҳр ва ноҳияҳо, ҳамчунин директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дастур додааст, ки дар вақти таътили зимистона барои толибилмоне, ки дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ иштирок мекунанд, машғулиятҳои иловагӣ ташкил намоянд.

Вазир ҳамчунин супориш додааст, ки рӯйхати адабиёти бадеиро, ки хонданаш ба толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар давраи таътили зимистона тавсия дода мешавад, тартиб диҳанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.