Гуфтушуниди вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ дар Маскав

Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки имрӯз дар шаҳри Маскав ба кор шурӯъ мекунад, ширкат меварзад. Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ полковник Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи мазкур беш аз 20 масъалаи марбут ба ҳамкориҳои мутақобилаи вазоратҳои мудофиаи […]

Аваз Юлдошев



Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки имрӯз дар шаҳри Маскав ба кор шурӯъ мекунад, ширкат меварзад.

Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ полковник Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи мазкур беш аз 20 масъалаи марбут ба ҳамкориҳои мутақобилаи вазоратҳои мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баррасӣ мешаванд.

Аз ҷараёни амалисозии консепсияи ҳамкории низомии кишварҳои узви Иттиҳод то соли 2015 натиҷагирӣ шуда, нақшаи фаъолияти муштарак дар соли 2016 тарҳрезӣ мешавад.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа қабули қарорҳои дахлдор оид ба масоили рушди низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, низоми алоқа, тавсеъаи ҳамкории мутақобила дар бахши поккории гуманитарии минаҳо, таълими кадрҳои ҳарбӣ, баргузор намудани тадбирҳои муштараки омодагии фаврӣ ва ҷангӣ ва ҳамчунин чорабиниҳои варзишии низомӣ дар доираи ИДМ дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.