Ҳалокати 6 хидматчии НАТО дар Афғонистон

Бар  асари  ҳамлаи  худкуш  дар  наздики пойгоҳи  ҳавопаймоии  Багромӣ дар Афғонистон 6  нафар  хидматчиёни Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ба ҳалокат расиданд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», як  рӯз  пештар  дар  вилояти Парвон як  посбони  пиёдагарди  амрикоӣ дар  ҳудуди  пойгоҳи   зикршуда  дучори  ҳамлаи  худкуш  гардида,масъулияти таркишро  намояндагони  ҷунбиши  «Толибон» ба  дӯши  худ  гирифтанд. Пештар маълумот  […]

АМИТ "Ховар"



Бар  асари  ҳамлаи  худкуш  дар  наздики пойгоҳи  ҳавопаймоии  Багромӣ дар Афғонистон 6  нафар  хидматчиёни Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», як  рӯз  пештар  дар  вилояти Парвон як  посбони  пиёдагарди  амрикоӣ дар  ҳудуди  пойгоҳи   зикршуда  дучори  ҳамлаи  худкуш  гардида,масъулияти таркишро  намояндагони  ҷунбиши  «Толибон» ба  дӯши  худ  гирифтанд.

Пештар маълумот  дар  бораи ҳалокати 5  нафар  хидматчиёни  ҳарбии  хориҷӣ  дастраси матбуот  гардида,  вале  баъдан   намояндагони  қувваҳои  эътилоф  изҳор  доштаанд, ки  шумораи  ҳалокшудагон  назар  ба  маълумоти  ҳукуматдорони  маҳаллӣ  бештар  будааст.

Мувофиқи  ҳисоботи   намояндагии  НАТО, дар  ҳоли  ҳозир  тафтишот  аз рӯи  ин  ҳодиса  идома дошта,  аз рӯи  натиҷаи он  маълумоти  иловагӣ  марбут ба ҳолатҳои  ҳамла  интишор  мегардад.

Дар  натиҷаи таркиш  ғайр  аз  6  нафар  ҳалокшудагон  6  нафари  дигар  захм бардоштаанд, ки 3  нафарашон аъзои ҳайати «Дастгирии  қатъӣ» ва 3  нафари  дигарашон  хидматчиёни пулиси  Афғонистон будаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.