Ифтитоҳи корхонаи коркарди такрории партовгоҳи маъдан дар Қайроққум

Дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд корхонаи нави коркарди такрории партовгоҳи маъдан – «Шуҳрат-2005»  ба фаъолият шурӯъ намуд. Аз шуъбаи саноати ҳукумати шаҳри Қайроққум ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки корхонаи нав дар маҳаллаи Чоруқ-Дайрон ҷойгир шуда, партовҳои металли собиқ комбинати металлҳои гаронбаҳои Ленинободро дубора коркард мекунад. Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи корхона раиси […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд корхонаи нави коркарди такрории партовгоҳи маъдан – «Шуҳрат-2005»  ба фаъолият шурӯъ намуд.

Аз шуъбаи саноати ҳукумати шаҳри Қайроққум ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки корхонаи нав дар маҳаллаи Чоруқ-Дайрон ҷойгир шуда, партовҳои металли собиқ комбинати металлҳои гаронбаҳои Ленинободро дубора коркард мекунад.

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи корхона раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода қайд кард, ки корхона дорои худуди 150 гектар замин буда, дар якҷоягӣ бо мутахассисони чинӣ ба азнавкоркарди партовгоҳи маъдан оғоз мекунад.

Раиси шаҳр изҳор дошт, ки дар ин корхона дар марҳилаи аввал то 60 нафар  ҷавонони худи шаҳрак ва баъдан то зиёда аз 100 нафар бо ҷои кори доимӣ ва музди маоши баланд таъмин мешаванд.

Қобили зикр аст, ки тӯли 11 моҳи соли 2015 дар шаҳри Қайроққум 29 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда, ба маблағи умумии 1 млрд. 17 млн. 605,4 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 131 млн. 430,8 ҳазор сомонӣ зиёдтар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.