Раҳбарияти БМТ ба саррофон тартиботи навро шарҳ дод

Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев бо зиёда аз 60 нафар кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъори ташкилотҳои қарзӣ дар бинои бонк мулоқот намуд. Дар ду ҳафтаи охир ин дуюмин вохӯрист, ки роҳбарияти БМТ бо кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор анҷом медиҳад. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, ин дафъа низ миёни тарафҳо суҳбати рӯ […]

ASIA-Plus



Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев бо зиёда аз 60 нафар кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъори ташкилотҳои қарзӣ дар бинои бонк мулоқот намуд. Дар ду ҳафтаи охир ин дуюмин вохӯрист, ки роҳбарияти БМТ бо кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор анҷом медиҳад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, ин дафъа низ миёни тарафҳо суҳбати рӯ ба рӯ ва ошкоро сурат гирифт ва дар ҷараёни он масъалаҳои ба фаъолияти минбаъдаи нуқтаҳои мубодилаи асъор ва кормандони онҳо вобаста, сабабҳо ва зарурияти ба тартиби нави анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ гузаштан, баланд бардоштани сатҳ ва маданияти хизматрасонии муосири бонкӣ ба аҳолӣ баррасӣ шуданд.

Ҷамолиддин Нуралиев қабл аз ҳама, ҳозиринро бо ислоҳот ва дигаргуниҳои бунёдию сохторӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии кишвар, ки талаботи замону ҷомеаи рӯ ба инкишофу тараққӣ ва пешрафта мебошад, шинос намуд. Қайд гардид, ки имрӯз бар асари вазъи ноустувори байналмилалӣ, паст рафтани нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ, аксари давлатҳои дунё, аз ҷумла давлатҳои шарикони асосии тиҷоратии кишвари мо дучори буҳрони иқтисодию молиявӣ гардидаанд. Яқин аст, ки ин ҳама мушкилот ба иқтисодиёт ва молияи Тоҷикистон низ таъсири манфии худро расонида, ба кам ворид шудани асъори хориҷӣ ба ҷумҳурӣ ва чун натиҷа ба ноустувории бозори дохилии асъор ва қурби пули миллӣ-сомонӣ сабаб шудаанд.

Омили дигари ин ноустуворӣ мутаассифона фаъолияти як қисми кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор мебошад, ки аз лаҳзаи муносиб истифода бурда, беасос, қурби хариду фурӯши доллари ИМА-и нақдро баланд бардошта, ғайриқонунӣ ба хилофи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тартиби муқарраршуда, ба анҷомдиҳии амалиёти мубодилавии ғайрирасмӣ даст мезаданд.

Далели мазкур ҳангоми санҷишҳои аз ҷониби гуруҳҳои муштараки корӣ бо Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ, ки танҳо ба хотири ба эътидол овардани вазъи бозори нақдӣ гузаронида мешуданд, тасдиқи худро ёфт. Ба чунин амали носавоб зиёда аз 40 нафар кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳур даст задаанд.

Таъкид карда шуд, ки айни замон Бонки миллии Тоҷикистон барои ин қонунвайрокуниҳо кормандони мубодилаи асъорро шахсан ҷарима накарда, танҳо бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳии хурдро ба маблағҳои аз 60 то 100 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст. Ташкилотҳои қарзӣ дар навбати худ барои ҷарима нашудан, пеш аз муҳлати муқарраршудаи гузариш ба низоми нави анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ, ки бояд тибқи Дастурамали №211 “Дар бораи тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ” то охири сол ҷорӣ барпо карда мешуд, дар 1 рӯз фаъолияти тамоми нуқтаҳои мубодилаи асъори худро ба якборагӣ қатъ кардаанд.

Дар ҷараёни мулоқот ба саволҳои аҳли маҷлис оид ба масъалаҳои ба фаъолияти минбаъдаи нуқтаҳои мубодилаи асъор ва кормандони онҳо вобаста посух дода шуд, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ 124 адад ташкилотҳои қарзӣ, 432 филиал, 1 233 марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва 1 802 нуқтаҳои интиқоли пул ба мардум хизмат мерасонанд. Тибқи талаботи Дастурамали №211 “Дар бораи тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ” тамоми амалиёти хариду фурӯши асъори хориҷӣ минбаъд танҳо дар хазинаҳои ҳамин муассисаҳо, тавассути низоми мутамаркази электронии амалиётӣ ташкилоти қарзӣ анҷом дода мешавад. Гузариш ба чунин як низоми муосири хизматрасонии бонкӣ ногузир буда, талаботи замон аст ва ҳатман амалӣ хоҳад шуд.

Дар робита ба ин, аз кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор, ки дорои таҷрибаи бойи корӣ ҳастанду дар қонунвайронкуниҳо даст надоранд, даъват ба амал оварда шуд, ки барои ишғоли вазифаҳои хазиначиёни хазинаҳои амалиётӣ ба ташкилотҳои қарзӣ муроҷиат намоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.