Барои рушди суботи иқлимӣ БАТР ба «Ҳумо» 2 млн. $ ҷудо кард

Барои рушди суботи иқлимӣ дар Тоҷикистон Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) ба ташкилоти амонатии қарзии хурди «Ҳумо» 2 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо кард. Дар иттилоияи рӯзи чоршанбе интишоршудаи БАТР дар ин робита қайд мешавад, ки қарз бо арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ, баробар бо 2 млн. доллари ИМА дар шарикӣ бо Барномаи омзоишии суботи […]

asia+, asia+



Барои рушди суботи иқлимӣ дар Тоҷикистон Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) ба ташкилоти амонатии қарзии хурди «Ҳумо» 2 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо кард.

Дар иттилоияи рӯзи чоршанбе интишоршудаи БАТР дар ин робита қайд мешавад, ки қарз бо арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ, баробар бо 2 млн. доллари ИМА дар шарикӣ бо Барномаи омзоишии суботи иқлимӣ (PPCR) пешниҳод мегардад.

«Ин қарзи дуюм дар доираи механизми иноватсионии маблағгузорӣ аст, ки аз 1 декабр, замони гирдиҳам омадани сарони кишварҳои ҷаҳон дар Париж дар Конфронс оид ба иқлим COP21 мавриди амал қарор гирифт ва нахустин механизми махсуси фаъолияти БАТР дар минтақа мебошад, ки ба лоиҳаҳои мусоидаткунанда ба мутобиқат ҷиҳати тағйирёбии иқлим нигаронида шудааст», – таъкид мешавад дар иттилоия.

Гуфта мешавад, якумин кишваре, ки тариқи ин механизми маблағгузорӣ воситаҳо дастрас мекунад, Тоҷикистон аст, ки яке аз кишварҳои дорои сатҳи баланди осебпазирӣ аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.