Духтарчаи гумшуда дар Ваҳдатро дар пойтахт дарёфтанд

Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои ҷустуҷӯйӣ як духтарчаи мактабхони дар шаҳри Ваҳдат гумшуда рӯзи 25 декабр дар шаҳри Душанбе дарёфт шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, қарибиҳои бегоҳи рӯзи 23 декабр Ҷамила Султон Алии 10-сола, сокини ш. Ваҳдат аз мактаби таҳсилоти умумии №3-и ҳамин шаҳр баромада, бо хонаашон барнагаштааст. Волидайни духтарча оиди ҳодисаи гум […]

ASIA-Plus



Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои ҷустуҷӯйӣ як духтарчаи мактабхони дар шаҳри Ваҳдат гумшуда рӯзи 25 декабр дар шаҳри Душанбе дарёфт шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, қарибиҳои бегоҳи рӯзи 23 декабр Ҷамила Султон Алии 10-сола, сокини ш. Ваҳдат аз мактаби таҳсилоти умумии №3-и ҳамин шаҳр баромада, бо хонаашон барнагаштааст. Волидайни духтарча оиди ҳодисаи гум шудани фарзандашон рӯзи 24-уми декабр ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат муроҷиат намуданд.

Гуфта мешавад, пас аз бурдани чорабиниҳои кофтуковӣ, муайян карда шудааст, ки Ҷамила Султон Алӣ ҳамроҳи дугонааш Меҳрона бо мақсади дидорбинии хешованди дугонааш, ба самти ш. Душанбе рафта, аз сабаби роҳгум заданашон дар кӯчаю гулбоғҳои ш. Душанбе тайи ду рӯз гашта, дар таги биноҳои истиқоматӣ шаб гузаронидаанд. Бегоҳи 25-уми декабр онҳо дарёфт шуда, ба манзили истиқоматиашон баргардонида шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.