Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ТАЛКО 15% афзуд

Дар муқоиса бо соли гузашта соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли алюминии хом дар КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) 18,3 ҳазор тонна ва алюминии аввалия тақрибан 18,1 ҳазор тонна афзуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта 15% зиёдтар аст. Тавре аз хадамоти матбуоти ТАЛКО ба «Азия-Плюс» хабар доданд, айни замон корхона 90 адад ваннаҳои электролизӣ дошта, барои […]



Дар муқоиса бо соли гузашта соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли алюминии хом дар КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) 18,3 ҳазор тонна ва алюминии аввалия тақрибан 18,1 ҳазор тонна афзуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта 15% зиёдтар аст.

Тавре аз хадамоти матбуоти ТАЛКО ба «Азия-Плюс» хабар доданд, айни замон корхона 90 адад ваннаҳои электролизӣ дошта, барои насби боз 60 ванна пурра имкон дорад, ки барои афзоиши истеҳсоли ҳаҷми маҳсулот аз 40 то 50% шароит фароҳам меорад, лекин бо назардошти нархҳои паст ба алюминий дар бозор, вобаста ба ин тадриҷан ҳаҷми истеҳсолро зиёд мекунад.

Ба иттилои манбаъ, аввали соли 2015 шумори ваннаҳои электрлизӣ 315 ададро ташкил дода, дар зарфи 11 моҳи боз 177 ванна ба истифода дода шуд ва аз ин миқдор 131 ададаш насб ва 46-тоаш аз таъмир бароварда шудааст. «Шумори умумии ваннаҳо ба охири сол ҳудуди 400 ададро ташкил дода, соли оянда ширкат мавриди истифода қарор додани 120 электролизерҳоро дар нақша дорад, ки ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот мусоидат мекунад», – гуфтанд дар ширкат.

Дар робита ба нархи алюминий дар бозори ҷаҳонӣ қайд шуд, ки ба санаи 23 ноябри соли равон нархи 1 тонна алюминий дар Биржаи металлҳои Лондон (LME) 1 ҳазору 424 доллари ИМА-ро ташкил додаст, ки нишондиҳандаи пасттарин тӯли қариб 7 соли охир аст (феврали соли 2009 – 1327,2 $).

Зимнан зикр гардид, ки бо мақсади таъмини мунтазами корхона бо воситаҳои гардиш айни замон ширкат ҷиҳати дарёфти қарзҳои дарозмуҳлат бо ниҳодҳои молии байнулмилалӣ ва бонкҳо гуфтушунидҳо анҷом медиҳад. «Ҳалли мусбати ин масъала барои ширкат имкониятҳои нав фароҳам меоварад», – афзуд манбаъ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.