Дар пойтахт арчаи солинавӣ қомат афрохт

Дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе арчаи солинавии баландиаш 25 метр гузошта шуд. Дар қуллаи арча монитори рушноидиҳандаи диодӣ насб шудааст, ки онро табрики шаҳрвандон бо соли нав ва ҳамчунин рамзҳои 25-солагии истиқлолияти Тоҷикистон, ки соли оянда ҷашн гирифта мешавад, зебу зинат медиҳанд. Директори Муассисаи давлатии «Рекламаи беруна ва ороиши шаҳри Душанбе» Наврӯз Юнусов ба «Азия-Плюс» […]

ASIA-Plus



Дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе арчаи солинавии баландиаш 25 метр гузошта шуд. Дар қуллаи арча монитори рушноидиҳандаи диодӣ насб шудааст, ки онро табрики шаҳрвандон бо соли нав ва ҳамчунин рамзҳои 25-солагии истиқлолияти Тоҷикистон, ки соли оянда ҷашн гирифта мешавад, зебу зинат медиҳанд.

Директори Муассисаи давлатии «Рекламаи беруна ва ороиши шаҳри Душанбе» Наврӯз Юнусов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар арчаи солинавӣ ба ҷойи бозичаҳо пуфакҳои рӯшноидиҳандаи диодӣ бо рангҳои парчами Тоҷикистон насб мешаванд. «Ҳамчунин мониторҳое низ гузошта хоҳанд шуд, ки гузоришҳо бахшида ба дастовардҳои муҳими соли равонро намоиш медиҳанд», – гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки барои сайругушатҳои оммавии сокинон ва таҷлили ҷашни Соли нав аз назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ то шаршараи Наврӯзгоҳ хиёбони идона омода гардида, боғи фароғату фарҳанги Рӯдакӣ низ идона оро дода мешавад.

Шоми 31-уми декабр дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе бо иштироки овозхонони маъруфи эстрадаи тоҷик чорабинии идона доир мегардад. Чорабинии идона соати 18:00 оғоз ва муддати 2 соат идома ёфта, бо фейерверки 5-дақиқаина анҷом мепазирад.

Мутобиқи қарори раиси пойтахт, соли равон дар остонаи фарорасии соли нави милодӣ дар тамоми бозорҳои шаҳр аз 21 то 31 декабр ярмарка-фурӯши маводи ғизоӣ ва маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум бо нархҳои дастрас доир мегарданд.

Рӯзҳои 29-30 декабр дар бинои Сирки пойтахт барои толибилмони аълохони макотиби таҳсилоти умумии пойтахт, тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои Душанбе ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат намоишномаи идонаи солинавӣ барпо мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани ҳунарманди Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов