Нигаронии Кумитаи дини Тоҷикистон аз амали Эрон

Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди ҳукумати Тоҷикистон аз даъвати раиси Ҳизби мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ҷиҳати иштирок дар кори конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони «Ваҳдати исломӣ» дар Теҳрон нигаронӣ изҳор намуд. Дар изҳороти Абдуғаффор Юсуфов, сардори Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи дин дар ин робита қайд мешавад, […]



Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди ҳукумати Тоҷикистон аз даъвати раиси Ҳизби мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ҷиҳати иштирок дар кори конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони «Ваҳдати исломӣ» дар Теҳрон нигаронӣ изҳор намуд.

Дар изҳороти Абдуғаффор Юсуфов, сардори Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи дин дар ин робита қайд мешавад, ки дар ин конфронси сатҳи баланд бо иштироки президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ва дигар пешвоёни мазҳабӣ Тоҷикистонро раиси Кумитаи дин Сулаймон Давлатзода, директори Маркази исломшиносӣ Файзулло Баротзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон муфтӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода намояндагӣ мекунанд.

«Иштироки пешвои Ҳизби террористии наҳзати исломии Тоҷикистон дар конфронс нигаронии Кумитаи динро ба бор овард», – навиштааст Юсуфов. Ӯ ҳамчунин мутмаин аст, ки ин амал боиси нигаронии аксари аҳолии Тоҷикистон низ мебошад. Намояндаи Кумита хотиррасон кардааст, ки 29 сентябр Суди олии Тоҷикистон ҲНИТ-ро созмони террористӣ эътироф намуд. «Чаро ҷониби Эрон бо огаҳӣ аз ҳамаи ин маълумот, пешвои ин ҳизбро, ки бо дархости Тоҷикистон мавриди пайгарди байнулмилалӣ қарор дорад, ба конфронси худ даъват намуд», – иброз доштааст Юсуфов.

Хабаргузории

TojNews

бо такя ба изҳороти Юсуфов менависад “ин конфронси байналмилалӣ, ки “Ваҳдати исломӣ” унвон гирифтааст, пас дар он бояд аз ваҳдат, ҳамбастагӣ ва иттиҳоди мусулмонон сухан гуфт.”

«Раиси ҳизбе, ки борҳо ҷиҳати анҷом додани аъмоли хунин, харобкориҳо, қатлу куштор дастур додаст, чӣ гуна боз метавонад аз боби ваҳдату бародарии мусулмонон сухан гӯяд?! Албатта, ин як ҷониби масъала аст. Паҳлӯи дигари масъала ин аст, ки ҷониби Эрон, ки ҳамеша аз Тоҷикистон ба сифати дӯсту бародари ҳамфарҳангу ҳамнажоду ҳамдин ёд мекунад, оё ба мавқеъ ва қонунгузории кишвари бародари худ арҷ ва эҳтиром мегузорад ё на? Ин мавқеи Эрон – даъвати шахсе, ки бо дархости “кишвари бародар” дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад, дар чунин як ҳамоиши сатҳи баланд суолҳои зиёди бидуни посухро дар зеҳнҳо ба вуҷуд меорад», – овардааст гуфтаҳои намояндаи Кумитаи динро хабаргузории TojNews.

«Оё Эрон аз ҳаводиси ибтидои моҳи сентябри Душанбе бехабар буд? Оё дар амалӣ сохтани ин ҳама ҳаводиси хунин ҳамин ҳизби ифротгарои “Наҳзати исломӣ” даст надошт?. Ва суоли ниҳоӣ чунин буда метавонад, ки ба чунин конфронси сатҳи баланд, ки дар баробари намояндагони мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дини кишварҳои олам, ҳамчунин бархе аз террористону ифротгароён даъват шудаанд, чӣ натоиҷеро интизор шудан мумкин аст?», – баён гардидааст дар изҳорот.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.