Хабари бардурӯғи шаҳрванди Тоҷикистон дар бораи минагузории бино дар Самара

Шаҳрванди Тоҷикистон, ки худро узви «Давлати исломӣ» муаррифӣ намуда, дар бораи минагузорӣ дар маркази савдои шаҳри Самараи Русия хабар дода буд, ба гуноҳаш иқрор шудааст. Ба посух ба саволи бо кадом мақсад ба ин амал даст заданаш мушкилӣ кашидааст. Хабаргузории РИА Новости дар ин робита менависад, ин мард сокини 23-солаи Тоҷикистон буда, боздошт ва дар […]



Шаҳрванди Тоҷикистон, ки худро узви «Давлати исломӣ» муаррифӣ намуда, дар бораи минагузорӣ дар маркази савдои шаҳри Самараи Русия хабар дода буд, ба гуноҳаш иқрор шудааст. Ба посух ба саволи бо кадом мақсад ба ин амал даст заданаш мушкилӣ кашидааст.

Хабаргузории

РИА Новости

дар ин робита менависад, ин мард сокини 23-солаи Тоҷикистон буда, боздошт ва дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ қарор доштаааст.

Ӯро кормандони Хадамоти федералии амният дар минтақа дастгир кардаанд. Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда иқрор шудааст, ки ба мақомоти пулис доир ба минагузорӣ шудани маркази савдои «Космопорт» хабар додааст. Ӯ худро узви «Давлати исломӣ» муаррифӣ намуда, ба мақомоти пулис изҳор доштааст, ки маркази савдо метаркад ва онҳоро бо Соли нав табрик карда, сипас ба маркази савдо баргаштааст ва ҳангоми аз бинои марказ берун бурдани ҳозирин ҳамроҳи онҳо биноро тарк кардааст.

Айни замон кормандони Раёсати Хадамоти федералии амният даст доштани ӯ дар содир намудани дигар ҷиноятҳоро месанҷанд. Зиёни моддии расида ба марказ аз ин амал муайян карда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.