Президент маҷлиси навбатии ҳукуматро баргузор намуд

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28 декабр маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози маҷлис тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016” қабул шуд. Сипас ҳисоботи раиси ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон “Оид ба […]



Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28 декабр маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози маҷлис тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016” қабул шуд.

Сипас ҳисоботи раиси ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон “Оид ба рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” шунида шуд. Тавре зикр гардид, дар доираи корҳои бунёдкорию ободонӣ 5,5 км роҳҳои мошингарди маркази ноҳия навсозӣ ва кӯчаҳои марказии шаҳраки Қумсангир чароғон карда шуд. Соли 2016 2 ҳазор га заминҳои нави кишоварзӣ шодоб мегардад. Соли 2015 дар ноҳияи беш аз 73 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ шуда, ҳоло дар майдони 2300 га замин пиёзи барвақтӣ кишт кардаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки барои афзун намудани нишондодҳои истеҳсолӣ, вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас тадбирҳои муассир амалӣ карда шаванд.

Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020 тасдиқ карда шуд.

Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2018-2019 маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд.

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин лоиҳаи як қатор қонунҳои дигар доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси гумрук, Кодекси андоз, Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба қонунҳо “Дар бораи маориф”, “Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ”, “Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ”, “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи алоқаи барқӣ” ва “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” пас аз маъқул донистан пешниҳод гардид.

Ду хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – яке ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи молияи давлатӣ” ва дуюмӣ ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи амният” низ маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Барномаи давлатии рушди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025, Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво барои солҳои 2016-2020, Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020, Барномаи рушди роҳнамоии касбӣ барои солҳои 2016-2020, Барномаи аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони неругоҳҳои хурди обӣ барои солҳои 2016-2020, Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Норак барои солҳои 2016-2020, Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Қубодиён барои солҳои 2016-2020, Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ишкошим барои солҳои 2016-2020 ва Нақшаи генералии шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон тасдиқ карда шуд.

Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масоили вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2015 ва дақиқсозии нақшаҳо барои соли 2016 ва ҳам ба таъмини бехатарӣ аз сухтор ва дигар ҳодисаҳои номатлуб ҳангоми истиқбол аз соли нави мелодӣ ҷалб намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.