Зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир рӯзи 20 январ кормандони милиса ду мардро, сокинони 26 ва 30-солаи ноҳияи Ҳамадониро дастгир намуданд.
Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин маълумот менависад, дар вақти кофтуков аз онҳо 14-килою 854 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Гуфта мешавад, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.





