Таносуби қарзи хориҷии Тоҷикистон нисбат ба ММД дар як сол 5,4% афзуд

Таносуби қарзи хориҷии давлатии Тоҷикистон нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) давоми соли гузашта аз 22,5% то 27,9% афзуд. «Нишондиҳандаи қарзи давлатӣ соли гузашта нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 27,9 фоизро ташкил кард, ки ин рақам тибқи меъёрҳои байналмилалии вобаста ба идоракунии қарз нишондиҳандаи муътадил ба ҳисоб меравад», – изҳор дошт рӯзи чорашбе зимни ироаи […]



Таносуби қарзи хориҷии давлатии Тоҷикистон нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) давоми соли гузашта аз 22,5% то 27,9% афзуд.

«Нишондиҳандаи қарзи давлатӣ соли гузашта нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 27,9 фоизро ташкил кард, ки ин рақам тибқи меъёрҳои байналмилалии вобаста ба идоракунии қарз нишондиҳандаи муътадил ба ҳисоб меравад», – изҳор дошт рӯзи чорашбе зимни ироаи паёми ҳамасолаи худ ба парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ба гуфтаи президенти мамлакат, соли сипаришуда ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба зиёда аз 48  миллиард сомонӣ, суръати афзоиши он ба 6 фоиз баробар шуд ва сатҳи таваррум 5 фоизро ташкил кард.

Мутобиқи маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ҳаҷми қарзи хориҷии кишвар ахири соли гузашта каме бештар аз 2 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода, дар сохтори қарзи хориҷӣ беш аз 1,8 млрд. доллари ИМА ба қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хизматгузориҳои ҳукумати ҷумҳуриро таъмин мекунад.

Ҳаҷми қарзҳо бо кафолати давлатӣ дар сохтори қарзи хориҷӣ ба беш аз 20 млн. доллари ИМА баробар буда, ҳудуди 30 млн. доллари ИМА-ро қарзҳои корхонаҳои давлатӣ ташкил медиҳанд, ки кафолати давлатӣ надоранд.

Кишвари асосии қарздиҳанда ба Тоҷикистон Чин ба шумор меравад, ки ҳаҷми қарз аз ин давлат ҳудуди 1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ҳамчунин Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ (326,5 млн. $) ва Бонки осиёгии рушд (277 млн. $) қарздор аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.