Буҳрон нархи манзил дар пойтахтро 50% поин бурд

Зери таъсири буҳрони моливу иқтисодии ҷаҳонӣ нархи манзили зист дар қисмати марказии шаҳри Душанбе тақрибан 50% поин рафт. «Агар ду-се сол пеш як метри мураббаъ манзил дар қисмати марказии шаҳри Душанбе ба ҳисоби миёна ба 1,3 ҳазор доллари ИМА мерасид, пас имрӯз арзиши он аллакай то 650 доллари ИМА кам шудааст», – иброз дошт сармеъмори […]

Пайрав Чоршанбиев



Зери таъсири буҳрони моливу иқтисодии ҷаҳонӣ нархи манзили зист дар қисмати марказии шаҳри Душанбе тақрибан 50% поин рафт.

«Агар ду-се сол пеш як метри мураббаъ манзил дар қисмати марказии шаҳри Душанбе ба ҳисоби миёна ба 1,3 ҳазор доллари ИМА мерасид, пас имрӯз арзиши он аллакай то 650 доллари ИМА кам шудааст», – иброз дошт сармеъмори шаҳри Душанбе Қудратулло Файзуллоев.

Ӯ қайд кард, ки нархи манзили зист дар биноҳои истиқоматии рӯ ба рӯи Донишгоҳи аграрӣ, Донишгоҳи тиббӣ ва дигар мавзеъҳои қисмати марказии шаҳри Душанбе ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. «Дар дигар қисматҳои шаҳр қаблан нархи як метри мураббаъи манзил ба ҳисоби миёна 800 доллари ИМА ва айни замон ҳудуди 600 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад», – гуфт Қ.Файзуллоев.

Ба қавли сармеъмори пойтахт, ҳарчанд бар асари таъсири буҳрони моливу иқтисодӣ суръати сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар пойтахт ба таври қобили мулоҳиза кам шуда бошад ҳам, аммо дар ҳеҷ кадоме аз сохтмонҳои оғозшуда дар ин давра корҳо қатъ нагардиданд.

Сармеъмори пойтахт таъкид дошт, ки таъсири буҳрон ба бахши шаҳрсозии кишвар то ҳол идома дорад. «Мутаассифона, буҳрон ба соҳае чун шаҳрсозӣ бетаъсир буда наметавонад», – афзуд номбурда.

Бино ба маълумоти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати ҷумҳурӣ, соли 2015 дар кишвар беш аз 1,2 млрд. метри мураббаъ манзил мавриди истифода қарор гирифтааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2014 ба андозаи 8,2% зиёдтар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова