Нигаронии президент аз сатҳи ҷамъоварии андоз ва пахта

Дар ҷаласаи васеи ҳукумат, ки айни замон таҳти раёсати президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дорад, маълумот дода шуд, ки аз ҷониби ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ 15,7 миллиард сомонӣ ҷудо гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҳисоботҳои вазири молия Абдусалом Қурбониён ва Кумитаи андоз нусратулло Давлатзода қайд гардид, ки давоми […]

ASIA-Plus



Дар ҷаласаи васеи ҳукумат, ки айни замон таҳти раёсати президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дорад, маълумот дода шуд, ки аз ҷониби ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ 15,7 миллиард сомонӣ ҷудо гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҳисоботҳои вазири молия Абдусалом Қурбониён ва Кумитаи андоз нусратулло Давлатзода қайд гардид, ки давоми соли 2015 қисми даромади андози суғуртаи иҷтимоӣ 82 фоиз иҷро шуда, дар натиҷа 255 миллион сомонӣ ба буҷа ворид нагардид.

Ҳамчунин қайд шуд, ки бақияи қарзҳо ба ҳолати 1 декабри соли 2014 – 653 миллион сомониро ташкил дод.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба иҷро нагардидани дурнамои истеҳсоли пахта, ки яке аз роҳҳои таъсиси ҷойҳои нави корӣ аст, таъмин нагардидани нақшаи даромади андоз, ҷамъоварии ғайриқаноатбахши ҳаққи истифодаи нерӯи барқ изҳори нигаронӣ карда, супориш дод, ки назорат барои ислоҳи камбудиҳо пурзур карда шавад.

Дар робита ба пешгирии васлу насби дастгоҳҳои гуногуни худсохти гармидиҳанда ва истифодаи самараноки нерӯи барқ супориш дода шуд, ки то охири соли 2016 тамоми сохторҳои давлатӣ ба системаи гармидиҳанда пайваст карда шавад.

Гуфта мешавад, ба Президент  сардори Хадамоти гумрук Абдуфаттоҳ Ғоиб, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Сафаралӣ Наҷмиддинов ва директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Рустами Эмомалӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳо дар соли 2015 ҳисобот доданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова