То охири сол ҳамаи шаҳру маркази ноҳияҳо дорои нақшаи генералӣ мешаванд

Айни замон нақшаҳои генералии 32 шаҳру маркази ноҳияҳои Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст. Муовини аввали Кумитаи сохтмон ва меъмории назди ҳукумати Тоҷикистон Нуралӣ Саидзода рӯзи 21 январ ба рӯзноманигорон дар ин робита иттилоъ дод, ки феълан корҳои таҳия ва тасҳеҳи нақшаҳои генералии марказҳои маъмурии ноҳияҳои Мастчоҳ (40% корҳо ба итмом расидааст), Бобоҷон Ғафуров (75%) ва ҳамчунин […]



Айни замон нақшаҳои генералии 32 шаҳру маркази ноҳияҳои Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст.

Муовини аввали Кумитаи сохтмон ва меъмории назди ҳукумати Тоҷикистон Нуралӣ Саидзода рӯзи 21 январ ба рӯзноманигорон дар ин робита иттилоъ дод, ки феълан корҳои таҳия ва тасҳеҳи нақшаҳои генералии марказҳои маъмурии ноҳияҳои Мастчоҳ (40% корҳо ба итмом расидааст), Бобоҷон Ғафуров (75%) ва ҳамчунин Ховалингу Фархор ҷараён доранд.

«Таҳияи нақшаҳои генералии ҳашт шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ – Панҷакент, Турсунзода, Мурғоб, Қумсангир, Хуросон, Панҷ, Зафаробод ва Шаҳристон пурра ба итмом расидааст», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, нақшаҳои генералии нуҳ шаҳру маркази ноҳияҳои кишвар – Ҷиликӯл, Дарвоз, Бохтар, Варзоб, Ашт, Сарбанд, Қайроққум, Ғончӣ ва Душанбе айни замон дар марҳилаи мувофиқасозӣ бо вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд.

Зимнан зикр гардид, ки корҳои таҳияи нақшаҳои генералии ҳафт шаҳру маркази ноҳияҳои боқимондаи ҷумҳурӣ алҳол шурӯъ нашудааст. «Тибқи нақшаи Кумита, нақшаҳои генералии ҳамаи 65 шаҳру ноҳияҳои кишвар бояд то охири соли 2016 омода ва мавриди тасҳеҳ қарор гиранд», – афзуд номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.