Таҳияи номгӯи нави иншооти дорои арзиши таърихиву фарҳангии пойтахт

Дар қаламрави шаҳри Душанбе танҳо чор иншоот дорои арзиши таърихиву фарҳангӣ мебошанд. Муовини аввали Кумитаи сохтмон ва меъмории назди ҳукумати Тоҷикистон Нуралӣ Саидзода ба рӯзноманигорон дар ин робита иттилоъ дод, ки бо қарорҳои ҳанӯз замони Иттиҳоди Шӯравӣ қабулшудаи ҳукумати ҶШС Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе танҳо чор иншооте мавҷуданд, ки дорои арзиши меъмориу фарҳангӣ мебошанд. «Инҳо […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар қаламрави шаҳри Душанбе танҳо чор иншоот дорои арзиши таърихиву фарҳангӣ мебошанд.

Муовини аввали Кумитаи сохтмон ва меъмории назди ҳукумати Тоҷикистон Нуралӣ Саидзода ба рӯзноманигорон дар ин робита иттилоъ дод, ки бо қарорҳои ҳанӯз замони Иттиҳоди Шӯравӣ қабулшудаи ҳукумати ҶШС Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе танҳо чор иншооте мавҷуданд, ки дорои арзиши меъмориу фарҳангӣ мебошанд.

«Инҳо бинои Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, бинои ҳукумат, бинои Китобхонаи ба номи Фирдавсӣ ва бинои Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ аст», – номбар кард Саидзода.

Иншооти боқимонда дар қаламрави пойтахт, ба гуфтаи ӯ, дар сурати зарурати сохтмони биноҳои нав кӯчонида мешаванд.

Саидзода изҳор намуд, ки азбаски номгӯи иншооти дорои арзиши фарҳангиву меъморӣ ва таърихӣ ҳанӯз замони Иттиҳоди Шӯравӣ тартиб дода шудааст, ҳукумати Тоҷикистон ҳамроҳ бо Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ номгӯи нави чунин иншоотро тартиб доданианд. «Айни замон гурӯҳи кории аз ҷониби ҳукумат таъсисёфта дар ин самт машғули кор аст», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова