Сохтмони Хонаи афсарон дар Душанбе дар арафаи анҷомёбист

Сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, муовини аввали вазири мудофиаи кишвар генерал-майор Эмомалӣ Собирзода ҳамроҳ бо сафири Чин дар Тоҷикистон Юе Бин ва намояндагони Қувваҳои Мусаллаҳи Чин бо ҷараёни анҷоми сохтмони Хонаи афсарон дар Душанбе, ки бо воситаҳои Чин бунёд мешавад,  шинос шуданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун […]



Сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, муовини аввали вазири мудофиаи кишвар генерал-майор Эмомалӣ Собирзода ҳамроҳ бо сафири Чин дар Тоҷикистон Юе Бин ва намояндагони Қувваҳои Мусаллаҳи Чин бо ҷараёни анҷоми сохтмони Хонаи афсарон дар Душанбе, ки бо воситаҳои Чин бунёд мешавад,  шинос шуданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод.

«Сохтмони бинои панҷошёнаи Хонаи афсарон дар маркази пойтахт қариб пурра ба итмом расида, айни замон ба он аз Чин мебел, қандил (люстра), кондитсионер ва қолинҳо оварда мешаванд», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки бинои Хонаи афсарони Тоҷикистон ояндаи наздик мавриди истифода қарор мегирад.

Хотиррасон шуд, ки сохтмони Бинои афсарон барои артиши Тоҷикистон

моҳи июни соли 2012 оғоз гардида

, барои сохтмон ва таъмини он бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ Чин ба сифати грант 100 млн. юан (15 млн. $) ҷудо карда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.