Зарбаҳои ҳавоии ИМА ба Давлати исломӣ дар Афғонистон

Маъмурияти президенти ИМА Барак Обама ба роҳандозии зарбаҳои ҳавоӣ ба ҷангиёни созмони террористии «Давлати исломӣ» (ДИ) дар Афғонистон ба Пентагон (Вазорати мудофиаи ИМА) иҷозат дод. Дар ин бора нашрияи The Washington Post бо истинод ба мансабдорони Вазорати мудофиаи ин кишвар хабар медиҳад. «Ваколатҳои нав ба ИМА имкон фароҳам мсеозанд, ки мубориза бо ин гурӯҳ дар […]

ASIA-Plus



Маъмурияти президенти ИМА Барак Обама ба роҳандозии зарбаҳои ҳавоӣ ба ҷангиёни созмони террористии «Давлати исломӣ» (ДИ) дар Афғонистон ба Пентагон (Вазорати мудофиаи ИМА) иҷозат дод. Дар ин бора нашрияи The Washington Post бо истинод ба мансабдорони Вазорати мудофиаи ин кишвар хабар медиҳад.

«Ваколатҳои нав ба ИМА имкон фароҳам мсеозанд, ки мубориза бо ин гурӯҳ дар қаламрави Афғонистонро бештар фаъолона ба роҳ монад», – гуфтааст манбаъи нашрия. Ба гуфтаи ӯ, масъалаи густариши мавқеъи бомбаандозии ҷангиён ҳафти гузашта ба миён омадааст.

Қайд мешавад, ки қаблан Нерӯҳои низомии ҳавоии ИМА ба ифротгароён дар ин минтақа танҳо дар се ҳолат зарбаҳои ҳавоӣ зада метавонистанд: барои ҳифзи нерӯҳои хориҷӣ, кумак ба низомиёни афғон ва ҳамчунин дар доираи мубориза бо созмони террористии «Ал-Қоида».

Мансабдори дигари Пнтагон изҳор доштааст, ки ИМА қаблан низ ба мавқеи террористон дар Афғонистон зарба мезаданд, вале он замон ин иқдом на ба хотири мансубияти онҳо ба Давлати исломӣ, балки барои рӯҳияи душманона доштани ҷангиён сурат мегирифт.

Бино ба маълумоти нашрия, айни замон дар қаламрави Афғонистон гурӯҳҳои «Толибон» ва Давлати исломӣ бо ҳамдигар муқовимат карда, ҳамчунин бо артиши ҳукумат низ мубориза доранд.

Рӯзи 13 январ Обама аз Конгресс даъват кард, ки истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро барои мубориза бо Давлати исломӣ маъқул шуморанд. «Аз байн бурдани терроризм шарти муҳимтарини низоми амнияти байнулмилалӣ аст, ки баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ташкил шуд ва воҳидҳои низомии ИМА дар Ироқу Сурия ва Афғонистон маҳз ба ҳамин кор машғуланд», – иброз дошта буд президенти ИМА.

Рӯзи 6 декабр маълум шуд, ки ҳудуди 1,6 ҳазор нафар ҷангиёни ба Давлати исломӣ савгандёдкарда қисмате аз чор вилояти минтақаи шарқи Афғонистонро ишғол карданд. Зикр мегардад, ки ҳадафи террористон таъсиси вилояти нави «халифат» дар марз бо Покистон аст.

Қобили зикр аст, ки комёбӣ ва пешрафтҳои Давлати исломӣ дар Афғонистонро ба хурӯҷи артишҳои амрикоӣ ва бритониёӣ аз ин кишвар ва ҳамчунин парокандагӣ дар дохили ҳаракати «Толибон» марбут медонанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова