ХБА: гурезагон ба Иттиҳоди Аврупо фоидаоваранд (Инфографика)

Дар гузориши Хазинаи байнулмилалии асъор зикр мегардад, ки мавҷи гурезагон аз Шарқи Наздик ба рушди иқтисоди Аврупо мусоидат мекунад. Бино ба маълумоти гузориш, Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Олмон дар соли 2017 пас аз қабули 1 млн. нафар паноҳандагон метавонад 0,3% афзоиш ёбад. Имкон дорад, ки ба туфайли муҳоҷирон иқтисоди Шветсия ба миқдори 0,4% ва Австрия – […]

РИА Новости



Дар гузориши Хазинаи байнулмилалии асъор зикр мегардад, ки мавҷи гурезагон аз Шарқи Наздик ба рушди иқтисоди Аврупо мусоидат мекунад.

Бино ба маълумоти гузориш, Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Олмон дар соли 2017 пас аз қабули 1 млн. нафар паноҳандагон метавонад 0,3% афзоиш ёбад. Имкон дорад, ки ба туфайли муҳоҷирон иқтисоди Шветсия ба миқдори 0,4% ва Австрия – 0,5 боло рафта, дар маҷмӯъ ММД-и Иттиҳоди Аврупо соли 2017 ба андозаи 0,13% афзоиш ёбад.

«Оқибатҳои манфии баъзе ҳодисаҳои ногувор дар робита ба муҳоҷирон маъмулан муваққатианд. Таъсири мусбат ба туфайли ҳавасмандсозӣ аз андоз, ки барои таъмини гурезагон амалӣ мешавад, бояд пойдору бардавом бошад», – изҳор доштааст ба Bloomberg Энрика Детражак, яке аз муаллифони гузориш.

Тибқи маълумоти агентии аврупоӣ оид ба назорати марзҳои берунаи Frontex, соли 2015 беш аз 1,2 млн. нафар муҳоҷирон ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо омадаанд. Комиссияи Аврупо изҳор намуд, ки буҳрони ҳозираи муҳоҷират дар ҷаҳон бузургтарин аз замони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова