Хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни пойтахтҳои Тоҷикистону Чин

Даҳаи сеюми моҳи оянда роҳандозии парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри мустақим миёни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Чин дар назар аст. Зимни брифинг ба ин муносибат дар Hayatt Regency Dushanbe қайд шуд, ки созишнома дар бораи ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Пекин  байни ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» ва «Алянси Сайёҳии Синтзян» моҳи октябри […]



Даҳаи сеюми моҳи оянда роҳандозии парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри мустақим миёни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Чин дар назар аст.

Зимни брифинг ба ин муносибат дар Hayatt Regency Dushanbe қайд шуд, ки созишнома дар бораи ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Пекин  байни ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» ва «Алянси Сайёҳии Синтзян» моҳи октябри соли гузашта ба имзо расидааст.

Таъкид гардид, ки талабот ба ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни пойтахтҳои Тоҷикистону Чин дар робита ба рушди бемайлони муносибатҳои мутақобилаи иқтисодӣ байни кишварҳо ба вуҷуд омадааст.

Тибқи тавофуқоти ҷонибҳо, парвози аввал тариқи ин хатсайр рӯзи 22 феврал баъди ба итмом расидани ҷашнҳои солинавӣ дар Чин анҷом дода мешавад.

Аз Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ҳавопаймо ба Пекин ҳар рӯзи душанбеи ҳафта парвоз карда, давомнокии парвоз 3 соату 30 дақиқаро ташкил медиҳад.

Махсус барои хатсайри мазкур ширкати «Тоҷик Эйр» ҳавопаймои навъи «Боинг 757-200»-ро харидааст, ки бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз аст. Ҳавопаймо 230 ҷойи нишаст дорад, ки 16-тои он ба дараҷаи тиҷоратӣ (бизнес-класс) мансубанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.