Соли гузашта аз ҳама зиёдтар моҳиву арақ ва пойафзоли чармини мардона гарон шуд

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 5,1%-ро ташкил дод. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, аз ҷумла соли гузашта маҳсулоти ғизойӣ – 4,3%,  маҳсулоти ғайриғизоӣ – 7,8% ва хизматрасонии  пулакӣ ба аҳолӣ – 2,3% қимат шуданд. Ба иттилои манбаъ, соли гузашта дар байни маҳсулоти ғизойӣ аз ҳама бештар […]



Аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 5,1%-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, аз ҷумла соли гузашта маҳсулоти ғизойӣ – 4,3%,  маҳсулоти ғайриғизоӣ – 7,8% ва хизматрасонии  пулакӣ ба аҳолӣ – 2,3% қимат шуданд.

Ба иттилои манбаъ, соли гузашта дар байни маҳсулоти ғизойӣ аз ҳама бештар моҳии зинда (27,3%), арақ (қариб 25%), ярмаи қаробош (гречка) (19,5%), шакар (19,3%), орди гандуми навъи 1-ум (7,8%), нон аз орди навъи 1-ум (7,1%) гарон шудаанд.

Дар байни маҳсулоти ғайриғизоӣ нархҳо бештар ба пойафзоли чармини мардона (40%), крем барои ришгирӣ (25%), таҷҳизоти доруворӣ (24%), нашрияҳои ҳафтаина (15,8%) ва воситаҳои шсутушӯйӣ боло рафтаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҳамин ҳол поинравии нарх ба бензин ба қайд гирифта шудааст.

Дар байни хизматрасонии аҳолӣ тарифҳо нисбатан ба таъмири пойафзол (55%), дӯхтани сарулибоси занона (28%), хизматрасониҳои амбулаторӣ (14%), хизматрасонии хушкшӯйи (химчистка) (13,6%), хизматгузории устои сартарош ва ороиши мӯй (10%) ва арзиши сафар бо роҳи оҳан (3,9%) афзудааст.

Гуфта мешавад, дар баробари ин, поинравии нарх ба сафар тавассути нақлиёти ҳавоӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли 2016-ро дар мизони 7,5% нигоҳ дорад. Мизони таваррум дар соли 2014 дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 7,4%-ро ташкил дод.

Мебояд гуфт, сатҳи таварруми соли 2013 дар ҷумҳурӣ сабтшуда – 3,7% аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад. То ин замон сатҳи нисбатан пасти таваррум соли 2012 ба қайд гирифта шудааст, ки 6,4%-ро ташкил дода буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.