Ташрифи муовини вазири корҳои хориҷии Эрон ба Душанбе

– Иброҳими Раҳимпур, муовини вазири корҳои хориҷии Эрон аз нахустин дипломатҳои баландпояи ин кишвар хоҳад буд, ки баъди эътирозҳои Душанбе алайҳи Теҳрон ба Тоҷикистон меояд, – менависад Радиои Озодӣ. Дар Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон маълумоти мазкурро тасдиқ намуда, изҳор доштаанд, ки ӯ бо вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Аслов дидору гуфтушунид карда, масоили […]



– Иброҳими Раҳимпур, муовини вазири корҳои хориҷии Эрон аз нахустин дипломатҳои баландпояи ин кишвар хоҳад буд, ки баъди эътирозҳои Душанбе алайҳи Теҳрон ба Тоҷикистон меояд, – менависад

Радиои Озодӣ.


Дар Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон маълумоти мазкурро тасдиқ намуда, изҳор доштаанд, ки ӯ бо вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Аслов дидору гуфтушунид карда, масоили ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ мешаванд.

ВАО-и Эрон дар робита ба сафари Иброҳими Раҳимпур ба Тоҷикистон қайд мекунанд, ки ӯ ҳамчунин аз Русия, Туркманистон ва Ҳиндустон бо даъвати ин кишварҳо низ боздид мекунад.

Сафари дипломати воломақоми эронӣ замоне сурат мегирад, ки дар робита ба конфронси байнулмилалӣ дар Теҳрон даъват шудани раиси Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, Душанбеи расмӣ ба Теҳрон эътироз кард. Сафири Эрон ба Вазорати корҳои хориҷӣ даъват гардида, ба ӯ

 ёддошти эътироз

 супурда шуда буд.

Ба нотаи расии Душанбе оид ба даъвати Муҳиддин Кабирӣ ба конфронси байнулмилалии «Ваҳдати исломӣ» дар Теҳрон, Эрон баъди ду ҳафта посух гуфт. Бино ба маълумоти сафорати Эрон дар Душанбе, рӯзи 14 январ сафири Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷчатулло Фағонӣ ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов номаи вазири корҳои хориҷии Эрон Муҳаммадҷавод Зарифро супурдааст. Ҷузъиёти ин нома ифшо нагардида, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ алҳол онро шарҳу тавзеҳ надодааст.

Аммо тибқи иттилои сомонаи расмии сафорати Эрон дар Тоҷикистон, сафири Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатулло Фағонӣ рӯзи 14 январ бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дидору гуфтушунид карда, изҳор доштааст, ки Эрон хоҳони бад шудани муносибатҳо бо Тоҷикистон нест.

Дар маълумоти сафорати Эрон гуфта мешавад, Теҳрон «хоҳони оромиву субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон буда, ба мубориза бо ифротгароӣ дар минтақа ба ҳамкорӣ омода аст». 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.