Таносуби қарзи хориҷии давлатии Тоҷикистон нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) давоми соли гузашта аз 22,5% то 27,9% афзуд.
«Нишондиҳандаи қарзи давлатӣ соли гузашта нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 27,9 фоизро ташкил кард, ки ин рақам тибқи меъёрҳои байналмилалии вобаста ба идоракунии қарз нишондиҳандаи муътадил ба ҳисоб меравад», – изҳор дошт рӯзи чорашбе зимни ироаи паёми ҳамасолаи худ ба парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Ба гуфтаи президенти мамлакат, соли сипаришуда ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба зиёда аз 48 миллиард сомонӣ, суръати афзоиши он ба 6 фоиз баробар шуд ва сатҳи таваррум 5 фоизро ташкил кард.
Мутобиқи маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ҳаҷми қарзи хориҷии кишвар ахири соли гузашта каме бештар аз 2 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода, дар сохтори қарзи хориҷӣ беш аз 1,8 млрд. доллари ИМА ба қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хизматгузориҳои ҳукумати ҷумҳуриро таъмин мекунад.
Ҳаҷми қарзҳо бо кафолати давлатӣ дар сохтори қарзи хориҷӣ ба беш аз 20 млн. доллари ИМА баробар буда, ҳудуди 30 млн. доллари ИМА-ро қарзҳои корхонаҳои давлатӣ ташкил медиҳанд, ки кафолати давлатӣ надоранд.
Кишвари асосии қарздиҳанда ба Тоҷикистон Чин ба шумор меравад, ки ҳаҷми қарз аз ин давлат ҳудуди 1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ҳамчунин Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ (326,5 млн. $) ва Бонки осиёгии рушд (277 млн. $) қарздор аст.





