– Иброҳими Раҳимпур, муовини вазири корҳои хориҷии Эрон аз нахустин дипломатҳои баландпояи ин кишвар хоҳад буд, ки баъди эътирозҳои Душанбе алайҳи Теҳрон ба Тоҷикистон меояд, – менависад
Радиои Озодӣ.
Дар Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон маълумоти мазкурро тасдиқ намуда, изҳор доштаанд, ки ӯ бо вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Аслов дидору гуфтушунид карда, масоили ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ мешаванд.
ВАО-и Эрон дар робита ба сафари Иброҳими Раҳимпур ба Тоҷикистон қайд мекунанд, ки ӯ ҳамчунин аз Русия, Туркманистон ва Ҳиндустон бо даъвати ин кишварҳо низ боздид мекунад.
Сафари дипломати воломақоми эронӣ замоне сурат мегирад, ки дар робита ба конфронси байнулмилалӣ дар Теҳрон даъват шудани раиси Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, Душанбеи расмӣ ба Теҳрон эътироз кард. Сафири Эрон ба Вазорати корҳои хориҷӣ даъват гардида, ба ӯ
ёддошти эътироз
супурда шуда буд.
Ба нотаи расии Душанбе оид ба даъвати Муҳиддин Кабирӣ ба конфронси байнулмилалии «Ваҳдати исломӣ» дар Теҳрон, Эрон баъди ду ҳафта посух гуфт. Бино ба маълумоти сафорати Эрон дар Душанбе, рӯзи 14 январ сафири Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷчатулло Фағонӣ ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов номаи вазири корҳои хориҷии Эрон Муҳаммадҷавод Зарифро супурдааст. Ҷузъиёти ин нома ифшо нагардида, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ алҳол онро шарҳу тавзеҳ надодааст.
Аммо тибқи иттилои сомонаи расмии сафорати Эрон дар Тоҷикистон, сафири Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатулло Фағонӣ рӯзи 14 январ бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дидору гуфтушунид карда, изҳор доштааст, ки Эрон хоҳони бад шудани муносибатҳо бо Тоҷикистон нест.
Дар маълумоти сафорати Эрон гуфта мешавад, Теҳрон «хоҳони оромиву субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон буда, ба мубориза бо ифротгароӣ дар минтақа ба ҳамкорӣ омода аст».



