Афзоиши даъвоҳои ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон ба қарзгирон



Муовини аввали раиси Суди олии иқтисодии Тоҷикистон Абдуҷаббор Қодирзода изҳор дошт, ки соли гузашта ташкилотҳои қарзии кишвар ва филилаҳои онҳо нисбати қарзгироне, ки саривақт маблағҳои қарзро пардохта натавонистаанд, 59 даъво пешниҳод кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 зиёдтар аст.

Дар ин робита Қодирзода аз филиали бонки «Эсхата» дар шаҳри Душанбе мисол овард, ки нисбати соҳибкори маҳаллӣ барои аз ӯ рӯёнидани 322 ҳазор сомонӣ маблағ даъво карда, Суди олии иқтисодии кишвар ин даъворо пурра қонеъ кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин филиали «Бонки рушди Тоҷикистон» дар ноҳияи Сино ҷиҳати рӯёнидани маблағи қарз дар ҳаҷми 127 ҳазор сомонӣ аз соҳибкори маҳаллӣ даъво пеш оварда, 119 ҳазор сомонӣ аз ин маблағ баргардонида шудааст.

«Нисбати дигар соҳибкор, ки «Бонки рушди Тоҷикистон» аз ӯ 228 ҳазор сомонӣ рӯёниданӣ буд, мо ба ӯ кумак кардем, ки 158 ҳазор сомониашро пардохт намояд», – иброз дошт А.Қодирзода.

Зимнан зикр гардид, ки соли 2015 Суди олии иқтисодии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 149 млн. 525 ҳазор сомонӣ маблағҳоро рӯёнидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 ба миқдори 30 млн. 696 ҳазор сомонӣ зиёдтар аст.

spot_imgspot_img

Популярное