Афзоиши даъвоҳои ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон ба қарзгирон

Муовини аввали раиси Суди олии иқтисодии Тоҷикистон Абдуҷаббор Қодирзода изҳор дошт, ки соли гузашта ташкилотҳои қарзии кишвар ва филилаҳои онҳо нисбати қарзгироне, ки саривақт маблағҳои қарзро пардохта натавонистаанд, 59 даъво пешниҳод кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 зиёдтар аст. Дар ин робита Қодирзода аз филиали бонки «Эсхата» дар шаҳри Душанбе мисол овард, ки […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+



Муовини аввали раиси Суди олии иқтисодии Тоҷикистон Абдуҷаббор Қодирзода изҳор дошт, ки соли гузашта ташкилотҳои қарзии кишвар ва филилаҳои онҳо нисбати қарзгироне, ки саривақт маблағҳои қарзро пардохта натавонистаанд, 59 даъво пешниҳод кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 зиёдтар аст.

Дар ин робита Қодирзода аз филиали бонки «Эсхата» дар шаҳри Душанбе мисол овард, ки нисбати соҳибкори маҳаллӣ барои аз ӯ рӯёнидани 322 ҳазор сомонӣ маблағ даъво карда, Суди олии иқтисодии кишвар ин даъворо пурра қонеъ кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин филиали «Бонки рушди Тоҷикистон» дар ноҳияи Сино ҷиҳати рӯёнидани маблағи қарз дар ҳаҷми 127 ҳазор сомонӣ аз соҳибкори маҳаллӣ даъво пеш оварда, 119 ҳазор сомонӣ аз ин маблағ баргардонида шудааст.

«Нисбати дигар соҳибкор, ки «Бонки рушди Тоҷикистон» аз ӯ 228 ҳазор сомонӣ рӯёниданӣ буд, мо ба ӯ кумак кардем, ки 158 ҳазор сомониашро пардохт намояд», – иброз дошт А.Қодирзода.

Зимнан зикр гардид, ки соли 2015 Суди олии иқтисодии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 149 млн. 525 ҳазор сомонӣ маблағҳоро рӯёнидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 ба миқдори 30 млн. 696 ҳазор сомонӣ зиёдтар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.