Вакилон санаи раъйпурсӣ оид ба тағйирот дар Конститутсияро муайян мекунанд

Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон даъвати панҷум ба кор шурӯъ мекунад, ки масъалаи асосии мавриди баррасии он –  ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи ҷумҳурӣ  ва таъини санаи раъйпурсии умумихалқӣ дар ин робита аст. Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ […]

Аваз Юлдошев



Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон даъвати панҷум ба кор шурӯъ мекунад, ки масъалаи асосии мавриди баррасии он –  ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи ҷумҳурӣ  ва таъини санаи раъйпурсии умумихалқӣ дар ин робита аст.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки вакилони мардумӣ имрӯз ҳамчунин масоили марбут ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон» ва «Дар бораи алоқаи барқӣ»-ро низ баррасӣ хоҳанд кард.

Ба гуфтаи ӯ, дар рӯзномаи ҷаласаи имрӯзаи парлумон ҳамчунин баррасии масъалаи пеш аз муҳлат қатъ шудани ваколатҳои вакили палатаи поёнии парлумон Комил Саидзода ва қабули қарор оид ба хориҷ кардани ӯ аз ҳайати Кумитаи МНМО ҶТ оид ба иқтисод ва молия низ дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки Комил Саидзода санаи 1 март аз ҳавзаи якмандатии №16-и ноҳияи Ҷаббор Расулов вакили палатаи поёнии парлумон интихоб шуда буд. Бо фармони президенти мамлакат аз 11 январи соли 2016 ӯ раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов таъин шуд.

Комил Салимзода дуюмин вакили Маҷлиси намояндагони даъвати ҳозира хоҳад буд, ки пеш аз муҳлат ваколатҳояш қатъ карда мешавад. Соли гузашта дар робита ба раиси Иттифоқи нависандагон интихоб шудани Низом Қосим, ваколатҳои ӯ дар палатаи поёнии парлумон пеш аз муҳлат қатъ шуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.