Анонс
– Дар Душанбе ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон даъвати панҷум ба кор шурӯъ мекунад, ки дар он масъалаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи ҷумҳурӣ баррасӣ мешавад;
– Дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорат дар соли 2015 нишасти хабарӣ доир мегардад. Оғоз соати 09-00;
– Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон доир ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2015 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ нишасти хабарӣ барпо мекунад. Оғоз соати 14-00;
– Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон дар дафтари кории худ бо журналистон вохӯрӣ мегузаронад.
Қ
урби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1
доллари ИМА –
7.6448
сомонӣ;
1
евро –
8.3313
сомонӣ;
1
рубли русӣ
– 0.10
05
сомонӣ.
Як р
ӯ
зи таърих
1960
— Таъсиси қароргоҳ (база)-и Помири Академияи илмҳои Тоҷикистон.
1980
— Се карат Қаҳрамони меҳнати состсиалистӣ Андрей Сахаров аз мукофот ва унвонҳои давлатӣ маҳрум карда шуда, аз шаҳри Маскав ба шаҳри Горкий (феълан Нижний Новгород) фиристода шуд.
1992
— Рӯзи кормандони гумруки Тоҷикистон.
1992
— Дар Минск роҳбарони кишварҳои узви ИДМ бо дархости Тоҷикистон дар бораи ташкил ва ба ин ҷумҳурӣ фиристодани Нерӯҳои дастаҷамъии ҳомии сулҳ қарор қабул карданд.
1993
— Дар Панҷакент навбати аввали Комбинати истихроҷи тиллои Тоҷикистон ба истифода дода шуд.
2010
— Маросими муаррифии Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон баргузор шуд.
2010
— Дар Душанбе нисбати як гурӯҳи салафиён ва пешвои маънавии онҳо – Сироҷиддин Абдураҳмонов ҳукм содир шуда, пешвои ин ҳаракат ба 7 соли зиндон маҳкум шуд.
2011
— Дар шаҳри Хуҷанд аз ду амали террористӣ – дар назди биноҳои Раёсати ВКД ва Раёсати КДАМ дар вилояти Суғд пешгирӣ карда шуд.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Хатлон
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +12+17, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +5+10.
Дар вилояти Суғд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +7+12, дар доманакӯҳҳо шабона -8-13, рӯзона -1+4.
Дар Вилояти Мухтори К
ӯ
ҳистони Бадахшон
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар ғарб шабона -8-13, рӯзона 0+5; дар шарқ шабона -21-26, рӯзона -7-12.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +10+15, дар доманакӯҳҳо шабона -5-10, рӯзона 0+5.
Дар шаҳри Душанбе
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +13+15.
Дар шаҳри Қ
ӯ
рғонтеппа
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +12+14.
Дар шаҳри Ху
ҷ
анд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +9+11.
Дар шаҳри Хоруғ
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона -9-11, рӯзона 0+2.



