Коҳиши назарраси кумаки ИМА ба Тоҷикистон

Соли гузашта ба Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 45 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона ворид гардид. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ин кумак бо вазни умумии қариб 23 ҳазор тонна аз 42 кишвари дунё ба Тоҷикистон оварда шудааст. Гуфта мешавад, дар байни кишварҳои мададрасон вазни нисбатан хос аз рӯи арзиш ба Олмон […]



Соли гузашта ба Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 45 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона ворид гардид.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ин кумак бо вазни умумии қариб 23 ҳазор тонна аз 42 кишвари дунё ба Тоҷикистон оварда шудааст.

Гуфта мешавад, дар байни кишварҳои мададрасон вазни нисбатан хос аз рӯи арзиш ба Олмон – 20,1% рост меояд.

Ба иттилои манбаъ, аз ҳаҷми умумии ин кумак ба Чин (13,1%), Русия (10,9%), Нидерланд (8,7%), Дания (6,8%), ИМА (5,9%), Қазоқистон (5,4%), АМА (4,3%), Австрия (4%), Ҳиндустон (3%), Латвия (1,8%), Франсия (1,7%), Туркманистон (1,6%), Қирғизистон, Эрон ва Швейтсария (1,4%-ӣ), Кувайт (1,1%), Норвегия (0,7%) рост омада, боз 24 кишвари дигари дунё низ дар ин давра ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона фиристодаанд.

Ёдрас мекунем, ки соли 2014 ба Тоҷикистон аз 42 кишвари дунё ба маблағи умумии 58 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона ворид гардид. Як сол қабл ба маблағи умумии 88 млн. доллари ИМА аз 46 кишвари дунё кумаки башардӯстона фиристода шуда буд.

Солҳои қаблӣ яке аз кишварҳои асосии мададрасони Тоҷикистон ИМА ба шумор мерафт, ки аз ҳаҷми умумии кумакҳои башардӯстона аз нисф зиёди он ба ин давлат рост меомад. Ҳамин тариқ, соли 2013 аз ҳаҷми умумии кумакҳо-   60% ва соли 2014 – 56,5% ба ИМА рост омада буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.