– Айни замон дар қаламрави вилоятҳои Тахор, Қундуз ва Бадахшони Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳаданд, таҷаммӯъи гурӯҳҳои гуногуни террористӣ ба мушоҳида мерасад,- гуфт имрӯз зимни суханронӣ назди вакилони палатаи поёнии парлумон фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ.
Ӯ таъкид дошт, ки марзбонон ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон имрӯз ба ҳама гуна сурат гирифтани вазъ дар марз бо Афғонистон омодаанд. «Иттифоқчиёни мо дар СААД низ ба ин омодаанд», – иброз дошт номбурда.
Фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии ҷумҳурӣ зикр кард, ки пас аз муташанниҷ шудани вазъ дар қитъаҳои марзи давлатӣ бо Афғонистон, фармондеҳии қушӯнҳои сарҳадӣ дар ин самт гурӯҳҳои иктишофӣ ташкил кард, ки бодиққат вазъ дар қаламрави кишвари ҳаммарзро пайгирӣ мекунанд.
Р.Раҳмоналӣ ба вакилон лоиҳаи тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон»-ро пешниҳод кард, ки мутобиқи он, вазифаҳои сардори Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ва муовинони сардори ин Раёсат барҳам дода шуда, минбаъд ин вазифаҳо ба фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ва муовинони фармондеҳ иваз карда мешаванд.
Фармондеҳ ва муовинони фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадиро президенти Тоҷикистон таъин ва аз вазифа озод мекунад. Қаблан ҳукумат чунин ваколатро дошт.
Фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон минбаъд ба додани рутбаи ҳарбии прапоршик ба марзбонон ҳуқуқ пайдо хоҳад кард. Пештар ин ҳуқуқ дар ихтиёри раиси КДАМ Тоҷикистон қарор дошт.
Вакилони мардумӣ аз лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон» якдилона ҷонибдорӣ намуданд.



