Тоҷикистон алҳол ба сармоягузорӣ ба бахши кишоварзӣ имкон надорад

Сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ Ҷалил Пирзода изҳор намуд, ки имконоти молии Тоҷикистон алҳол барои роҳандозии низоми аз нигоҳи маблағгузорӣ дастгирӣ кардани бахши кишоварзии кишвар шароит фароҳам оварда наметавонанд. «Ҳар як давлат ба таъмини амнияти озуқавории худ дар сатҳи 70-80% манфиатдор аст, вале айни замон буҷети кишвар ба мо […]

ASIA-Plus



Сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ Ҷалил Пирзода изҳор намуд, ки имконоти молии Тоҷикистон алҳол барои роҳандозии низоми аз нигоҳи маблағгузорӣ дастгирӣ кардани бахши кишоварзии кишвар шароит фароҳам оварда наметавонанд.

«Ҳар як давлат ба таъмини амнияти озуқавории худ дар сатҳи 70-80% манфиатдор аст, вале айни замон буҷети кишвар ба мо имкон намедиҳад, ки ба бахши кишоварзӣ маблағгузорӣ намоем. Ин кор дар бисёре аз кишварҳо амалӣ мешавад», – гуфт ӯ ба журналистон зимни нишасти хабарии имрӯза.

Ӯ қайд кард, ки дастгирии бахши кишоварзӣ зарур аст, чунки ҳеҷ касе пешгӯӣ карда наметавонад, ки оянда чӣ ҳолате ба вуҷуд меояд.

Дар ин робита Пирзода аз вазъи мавҷуда дар Туркия ёдовар шуд, ки айни замон ин кишвар маҳсулоти худро ба Русия содирот карда наметавонад. «Оянда ҳолате ба вуҷуд омаданаш имкон дорад, ки кадоме аз давлатҳои ҳамсоя ба мо мегӯяд, ки мо ба шумо орд ё гандум дода наметавонем. Аз ин рӯ мо бояд кӯшиш кунем, ки маҳсулоти кишоварзии заруриро дар кишвари худамон истеҳсол намоем», – қайд кард Пирзода.

Ба гуфтаи ӯ, чун имконоти молии дастгирии бахши кишоварзӣ аз ҷониби давлат алҳол нокофист, ҳукумат талош меварзад, ки соҳаро бо тарзу воситаҳои дигар дастгирӣ намояд. «Масалан, ҳукумат тарифҳои нерӯи барқ барои пойгоҳҳои обкашӣ дар соҳаи кишоварзиро поин бурд. Ғайр аз ин, барномаҳои давлатӣ оид ба дастгирии соҳа амалӣ мешаванд. Ҳамасола тавассути ҳар кадоме аз ин барномаҳо 200-300 ҳазор доллари ИМА маблағ ҷудо мешавад. Бахши кишоварзӣ ҳамчунин тариқи ҷалби гранту сармоягузорӣ ва ҳамчунин тавассути аз ҷониби «Амонатбонк» пешниҳод шудани қарз бо меъёри имтиёзноки фоизҳо дастгирӣ меёбад», – таъкид дошт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки агар оянда имконоти молии давлат имкон диҳанд, маблағгузорӣ ба бахши кишоварзӣ оғоз мегардад. «Айни замон бо назардошти имконоти молии ҷумҳурӣ, мо танҳо ба соҳаи иҷтимоӣ чунин кумаку дастгирӣ пешниҳод карда метавонем», – афзуд корманди Дастгоҳи иҷроияи президент.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.