Тоҷикистон ба ҳама гуна сурат гирифтани вазъ дар марз бо Афғонистон омода аст

– Айни замон дар қаламрави вилоятҳои Тахор, Қундуз ва Бадахшони Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳаданд, таҷаммӯъи гурӯҳҳои гуногуни террористӣ ба мушоҳида мерасад,- гуфт имрӯз зимни суханронӣ назди вакилони палатаи поёнии парлумон фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ. Ӯ таъкид дошт, ки марзбонон ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон имрӯз ба ҳама гуна сурат гирифтани вазъ […]

Аваз Юлдошев



– Айни замон дар қаламрави вилоятҳои Тахор, Қундуз ва Бадахшони Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳаданд, таҷаммӯъи гурӯҳҳои гуногуни террористӣ ба мушоҳида мерасад,- гуфт имрӯз зимни суханронӣ назди вакилони палатаи поёнии парлумон фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ.

Ӯ таъкид дошт, ки марзбонон ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон имрӯз ба ҳама гуна сурат гирифтани вазъ дар марз бо Афғонистон омодаанд. «Иттифоқчиёни мо дар СААД низ ба ин омодаанд», – иброз дошт номбурда.

Фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии ҷумҳурӣ зикр кард, ки пас аз муташанниҷ шудани вазъ дар қитъаҳои марзи давлатӣ бо Афғонистон, фармондеҳии қушӯнҳои сарҳадӣ дар ин самт гурӯҳҳои иктишофӣ ташкил кард, ки бодиққат вазъ дар қаламрави кишвари ҳаммарзро пайгирӣ мекунанд.

Р.Раҳмоналӣ ба вакилон лоиҳаи тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон»-ро пешниҳод кард, ки мутобиқи он, вазифаҳои сардори Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ва муовинони сардори ин Раёсат барҳам дода шуда, минбаъд ин вазифаҳо ба фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ва муовинони фармондеҳ иваз карда мешаванд.

Фармондеҳ ва муовинони фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадиро президенти Тоҷикистон таъин ва аз вазифа озод мекунад. Қаблан ҳукумат чунин ваколатро дошт.

Фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон минбаъд ба додани рутбаи ҳарбии прапоршик ба марзбонон ҳуқуқ пайдо хоҳад кард. Пештар ин ҳуқуқ дар ихтиёри раиси КДАМ Тоҷикистон қарор дошт.

Вакилони мардумӣ аз лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон» якдилона ҷонибдорӣ намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.