Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз бидуни баррасӣ ва якдилона аз тағйироту илова ба қонун «Дар бораи алоқаи барқӣ» ҷонибдорӣ намуд.
Зимни суханронӣ доир ба ин масъала назди вакилон вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид изҳор намуд, ки тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда волидонро уҳдадор месозанд, ки бо кадом сомонаҳо дар шабакаи Интернет сарукор доштани фарзандонашонро пайгирӣ кунанд.
«Иқдоми мазкур ба ҳифзи кӯдакон аз воридшавӣ ба сомонаҳое, ки барои тарбияи онҳо оқибатҳои манфӣ дорад, таҳти таъсири сомонаҳои террористӣ ва ифротгароӣ қарор гирифтани онҳо ва воридшавӣ ба сомонаҳои таблиғкунандаи зӯроварӣ ва ғайра нигаронида шудааст», – қайд кард вазир.
Қаблан дар ин робита иттилоъ дода будем, ки ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонуни ҷумҳурӣ «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон»-ро таҳия ва ба баррасии парлумон ирсол намуд.
Моҳияти тағйироту иловаҳои мазкур чунин аст: ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерҳо)-и ҷумҳурӣ уҳдадор мешаванд, ки бо дархости волидон ба онҳо дар бораи ба кадом сомонаҳо ворид шудани фарзандонашон дар шабакаи Интернет бепул маълумот пешниҳод намоянд.
Ин тағйироту иловаҳо ҳамчунин ба пешгирии кӯдакон аз пайвастан ба сафҳои созмонҳои террористиву ифротгаро, муҳофизати онҳо аз зӯроварӣ ва безавқӣ нигаронида шудаанд.



