Мақомот: Ба аҳолии Тоҷикистон килокалорий кифоя аст, то ки гуруснагӣ накашанд

Мақомоти бахши аграрии Тоҷикистон маълумоти Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии сиёсати озуқаворӣ дар бораи доимо гуруснагӣ кашидани беш аз 30%-и аҳолии Тоҷикистонро носаҳеҳ мешуморанд. «Ин маълумот асоси воқеъӣ надорад», – мухтасар посух дод имрӯз ба рӯзноманигорон Маҳмадтоир Зокирзода, вазири кишоварзӣ ва ба матбуот тавсия дод, ки таҳқиқи дахлдор гузаронанд, «то ки худашон ба носаҳеҳ будани он итминон ҳосил […]



Мақомоти бахши аграрии Тоҷикистон маълумоти Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии сиёсати озуқаворӣ дар бораи доимо гуруснагӣ кашидани беш аз 30%-и аҳолии Тоҷикистонро носаҳеҳ мешуморанд.

«Ин маълумот асоси воқеъӣ надорад», – мухтасар посух дод имрӯз ба рӯзноманигорон Маҳмадтоир Зокирзода, вазири кишоварзӣ ва ба матбуот тавсия дод, ки таҳқиқи дахлдор гузаронанд, «то ки худашон ба носаҳеҳ будани он итминон ҳосил намоянд».

Дар ҳамин ҳол, сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ Ҷалил Пирзода бо ишора ба меъёрҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар ин робита изҳор намуд, ки истеъмоли килокалорий бо ғизо ба ҳисоби миёна бояд аз 2000 то 2500 дар як рӯзро ташкил диҳад. «Одам дар сурате дар ҳолати гуруснагӣ қарор хоҳад дошт, ки агар тибқи нишондиҳандаҳои СҶТ аз 1500 килокалорий дар як рӯз камтар истеъмол кунад», – гуфт ӯ дар идома.

Намояндаи дастгоҳи президент бар ин назар аст, ки маҳсулоти истеҳсолшуда дар Тоҷикистон арзиши кофии ғизойӣ дорад ва аҳолии ҷумҳурӣ дар «сатҳи муайян» бо ин маҳсулот таъмин буда, аз ин рӯ ӯ маълумот оид ба гуруснагӣ кашидани беш аз 30%-и аҳолии Тоҷикистонро носаҳеҳ мешуморад.

Қобили зикр аст, ки зимни ироаи паёми ҳамасолаи худ ба парлумон рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

дар ин робита қайд кард

, ки сатҳи камбизоатӣ дар кишвар то 31 фоиз паст гардидааст.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи равон Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии сиёсати озуқаворӣ гузориши Индекси глобалии гуруснагӣ – 2015 (

Global Hunger Index 2015

)-ро

ба нашр расонид

, ки дар он Тоҷикистон кишвари гуруснатарин дар паҳнои пасошӯравӣ эътироф шудааст. Мутобиқи маълумоти ин гузориш, 33,2%-и аҳолии Тоҷикистон доимо гуруснагӣ мекашанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.