Ҳудуди 22%-и ММД Тоҷикистон ба бахши кишоварзӣ рост меояд



Дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои соли 2014 соли 2015 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон ба андозаи 6% афзуда, бо нархҳои ҷорӣ 48 млрд. 401,6 млн. сомониро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар сохтори ММД-и кишвар дар соли гузашта ҳиссаи бахши кишоварзӣ, шикор, хоҷагии ҷангал, моҳидорӣ ва моҳипарварӣ нисбатан зиёд – 21,9% аст.

Ҳиссаи савдо, таъмири автомашинаҳо, молҳои маишӣ ва предметҳои истифодаи шахсӣ, меҳмонхона ва тарабхонаҳо- 14,2%, саноат ва энергетика – 12,8%, андозҳо – 12,3%, сохтмон – 11,8%, нақлиёт, алоқа ва хоҷагии нигаҳдории анборҳо – 10,8%-ро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки соли 2014 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон – 45 млрд. 605,2 млн., соли 2013 – 40 млрд. 524,5 млн ва соли 2012 – 36 млрд. 161,1 млн. сомониро ташкил дода буд.

spot_imgspot_img

Популярное