Баррасии тағйироту илова ба 8 қонун дар парлумон



Дар иҷлосияи навбатии рӯзи 28 январи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баррасии масъалаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба 8 қонуни ҷумҳурӣ дар назар аст.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов дар ин робита иттилоъ дод, ки намояндагони мардумӣ дар иҷлосия тағйироту иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон», «Дар бораи Агентии назорати давлатиии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ», «Дар бораи мақомоти амнияти миллии ҶТ», «Дар бораи низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ», «Дар бораи маориф», «Дар бораи омодагии варзишӣ» ва «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолият дар роҳ»-ро баррасӣ мекунанд.

Зимнан зикр гардид, ки дар иҷлосияи навбатии парлумон ҳамчунин тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодекси андоз низ баррасӣ мешаванд.

spot_imgspot_img

Популярное