Баррасии тағйироту илова ба 8 қонун дар парлумон

Дар иҷлосияи навбатии рӯзи 28 январи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баррасии масъалаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба 8 қонуни ҷумҳурӣ дар назар аст. Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов дар ин робита иттилоъ дод, ки намояндагони мардумӣ дар иҷлосия тағйироту иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон», […]



Дар иҷлосияи навбатии рӯзи 28 январи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баррасии масъалаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба 8 қонуни ҷумҳурӣ дар назар аст.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов дар ин робита иттилоъ дод, ки намояндагони мардумӣ дар иҷлосия тағйироту иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон», «Дар бораи Агентии назорати давлатиии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ», «Дар бораи мақомоти амнияти миллии ҶТ», «Дар бораи низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ», «Дар бораи маориф», «Дар бораи омодагии варзишӣ» ва «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолият дар роҳ»-ро баррасӣ мекунанд.

Зимнан зикр гардид, ки дар иҷлосияи навбатии парлумон ҳамчунин тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодекси андоз низ баррасӣ мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.